top of page

 

Қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон

 

Дар бораи  тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим

дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020

                                                                       

 

         Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д: 

     1) Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

         2) Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020 дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи Буҷети давлатӣ таъмин карда, ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.      

        3) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи вазифаҳои пешбинишуда оид ба иҷрои Барномаи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис диҳанд.

 

         Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                

        Тоҷикистон     

Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим

дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020

 

Шарикони Марказ

bottom of page