top of page

«Ба ҳамдигар наздик ва дуртар аз одатҳои бад/маводи нашъаовар»

29-уми апрели соли 2016 – Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Семинари пеш бурдани чорабинии пешгирикунандаи – «Ба ҳамдигар наздик ва дуртар аз одатҳои бад/маводи нашъаовар» иштирок намуданд. Коршиносон аз Полша дар ҳамкорӣ бо тренерони миллӣ се семинари маҳаллиро дар минтақаҳои пилотии гурӯҳҳои корие, ки дар шаҳри Душанбе, н. Ёвон ва ш. Турсунзода ташкил шуда буданд, гузарониданд. Ҳадафи ин чорабиниҳо дар таҳким бахшидани ҳамкории байнисохторӣ дар соҳаи пешгирикунии истеъмоли маводи нашъаовар мебошад.

Иштирокчиёни ин семинарҳо шарикони маҳаллӣ аз шӯъбаи маъориф, системаи тандурустӣ (Маркази миллии мониторинг ва пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар, хадамоти наркологӣ, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази СПИД, маркази дӯстӣ ба ҷавонон), Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи оид ба корҳои дин,

танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ, Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва раисони маҳалла буданд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page