top of page

Конгресси 9-уми Аврупо оид ба тибби тропикӣ ва тандурустии байналмилалӣ (хулосаи сафар)

Дар Конгресси 9-уми Аврупо оид ба тибби тропикӣ ва тандурустии байналмилалӣ (ECTMIH), ки дар шаҳри Базели Шветсария баргузор гардид, беш аз 1500 донишмандони машҳур ва мутахассисони соҳаи тибби вараҷа ва тандурустии байналмилалӣ ҷамъ омада буданд. Ин конгресси бисёр бонуфузи аврупоӣ дар соҳаи тибби вараҷа ва тандурустии байналмилалӣ дониста шуд.

Тавассути маҷлисҳои умумӣ, симпозумҳо ва дувоздаҳ сессияои илмӣ, ки дар як вақт амал мекарданд, дар конференсия масъалаҳои глобалии тандуруст, бемориҳои фаромӯшгашта ва масъалаҳои клиниӣ, муваффақ шудан ба тандурустии байналмилалӣ таҳлилу баррасӣ гардиданд. Аз тарафи ECTMIH инчунин барномаи комили шарҳу тафсири рушд ҷиҳати дахолати тиб ба доруворӣ ва ваксинаҳо, стратегияи пешгирӣ, назорат ва, ҳатто, бартараф намудан масъалаҳои асосии тандурустии имрӯз ва оянда пешниҳод гардид. ECTMIH форуми озод барои донишмандон, сиёсатмадорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, экспертҳои тибби давлатӣ ва хусусӣ ҷиҳати мубодилаи андешаҳо, шарҳу тафсири пешрафти тиб ва муҳокимаи ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии тандурустӣ буд.

Дар конгресси мазкур ман ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён мавзӯи «Баҳодиҳӣ ба дониш ва рафтори гурӯҳҳои ҷомеавӣ (общин) нисбат ба омили хавфи бемориҳои дилу рагҳо дар байни аҳолии калонсоли ҷануби Тоҷикистон»-ро пешниҳод намудам. Ин тадқиқот бо дастгирии Лоиҳаи Сино дар ҳамкорӣ бо мутахассисони МҶТТҲС гузаронида шуда буд. Мо ба дониш ва рафтори аъзои гурӯҳҳои ҷомеавӣ нисбат ба саломатиашон вобаста ба омилҳои хавфи бемориҳои дилу рагҳо баҳо додем, то ин ки онро баъдан тавассути гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати устувору мустаҳкам намудани саломатӣ ва маърифати санитарӣ дар доираи лоиҳаи Сино баррасӣ кунем. Баъди итмоми тадқиқот маълум шуд, ки бемориҳои фишори баланди хун ва диабети қанд аз бемориҳоеанд, ки мардум дар бораи онҳо бештар донистан ва фаҳмидан мехоҳанд. Муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ низ ин афкорро дастгирӣ намуданд. Барои гузаронидани тадқиқот аз 60 гурӯҳҳои ҷомеавии (общин) ноҳияҳои интихобшуда (пилотӣ) 20 мард ва 20 зан даъват карда шуданд. Саволнома дар планшет ҷой дода шуд буд ва он тавсифи (характеристика) сокини ноҳияи мавриди тадқиқотро дарбар мегирифт. Дар саволнома ҷинс, синну сол, маълумот ва касбу кор ифода шуда буд. Дар тадиқот 1183 пурсидашудагон иштирок карданд, ки ҳисоби миёнаи синнашон ба 45 сол рост меомад. Маълум гашт, ки тақрибан нисфи пурсидашудагон маълумоти миёна доранд ва ҳар чоруминашон соҳиби аттестат мебошанд. Бештари сокинон соҳибхоназан ва нафақахӯрон буданд. Ҳар дуюмин марду зан дар бораи масъалаҳои саломатӣ маълумоти нокифоя дорад. Аксари сокинони ин ноҳияҳо гумон доранд, ки саломатии онҳо танҳо аз табибон вобаста аст ва ҳеҷ кадоми онҳо барои паст кардани хавфи бемориҳои дилу рагҳо кушише ҳам накардааст. Аз тадқиқот чӣ хулосаҳо бароварда шуд:

Масъалаҳои калидии соҳаи тандурустӣ бояд тавассути сӯҳбату гуфтугӯҳо бо назардошти ҷинс, маълумот ва касбу кор такмил дода шавад. Аз байн бурдани он фикру ақида, ки гӯё саломат танҳо аз табиб вобаста мебошад. Намоиш додани усулу воситаҳои одитарини таълим ва маълумот оид ба тарзи ҳаёти солим. Дар шаҳри зебову бостонии Базел, ки дили Аврупост, мемононро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Он бисёр лаҳзаҳои омӯзанда ва шоистаи пайравӣ дошт.

Парвина Мухторова –директори МҶТТҲС


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page