Тақсимоти маводҳои иттилоотӣ дар мактабҳои вилояти Хатлон
Аз 2-юм то 10-уми октябри соли 2015 мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар якҷоягӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ ба як қатор мактабҳои навоҳии вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Дар рафти ташриф маводҳои (китобҳо) таълимӣ «Инклюзивное образование» ва «Тасилоти фарогир (Инклюзивӣ)» 15 донагӣ барои ҳар як мактаб, «Об, санитария ва гигиена» ва «Дастури таълимӣ барои муаллимон оид ба коҳиши таҳдиди хатари офатҳо» 20 донагӣ дар ҳар як мактаб ба омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи Ҷ. Румӣ, Сарбанд, Қумсангир ва Панҷ тақсим карда шуд.
Аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими ВТ ва ҲИАҶТ ба омӯзгорони мактабҳои тањҳсилоти миёна аз рафти гузаронидани соатҳои тарбиявӣ барои синфҳои ибтидоӣ, интихоб намудани мавзӯҳои ба саломатии кӯдакон алоқаманд, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ алалхуссус бемориҳои тавассути об гузаранда семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Ба иштирокчиёни семинар тавсия дода шуд, ки минбаъд метавонанд дар байни дигар омӯзгорони мактаб семинари омӯзишии «Модули таълимї тибқи барномаи об санитария ва гигиена»-ро гузаронанд.