«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Қурғонтепа
Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҹтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҹикистон рӯзи 31-октябр дар ш.Қурғонтепа «Корвони саломатӣ» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 51-нафар беҳтарин коршиносону устодони варзидаи соҳаи тандурустӣ иштирок доштанд. Ба ҳайати Вазорат ҳамон рӯз зиёда аз 13 500 эҳтиёҹмандон муроҹиат карданд, ки ҳар яке он маслиҳатҳои муфид ва кӯмакҳои ройгони тиббӣ гирифтанд. Кормандони Маркази Ҷумҳуриявии ТТҲС дар якҹоягӣ бо кормандони Маркази вилоятии ТТҲС бо балангӯяк оид ба одатҳои номатлуб, пешгирии бемориҳо ва роҳҳои интихоби тарзи солими зиндагиро ба саҳми шаҳрвадони ниёзманде, ки дар саҳни ҳавлии Маркази саломатии ш. Қурғонтеппа ҷамъ омада буданд, пешкаш намуданд. Ҳайати Марказ, ки 5 нафарро ташкил медод, пайваста дар робита бо роҳбарияти тандурустии вилоят, муовини Вазири тандурусти Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич ва дигар мутахассисони пешбари Вазорат буданд.
Азбаски МҶТТҲС рисолати дафтари матбуоти Вазоратро низ ба душ дошт аз тариқи 3 шабакаи телевизионӣ ва радиоӣ ҷараёни баргузории «Корвони саломатиро» ба навор мегирифтанд. 5-нафар кормандоне, ки аз МҶТТҲС иштирок доштанд маводҳои бо худ бурдаро ба нафарони ба назди табибон мерафта ва ба нафарони аз назди табибон баргаштаро тақсим мекарданд. Муроҷиаткунандагон ба маводҳои мухталиф оид ба пешгирии бемориҳои гуногун ва одатҳои номатлуб маводҳои чопиро бо худ гирифта дар навбати худ оид ба ниёзу эҳтиёҷоти худ оид ба ин ё он маводҳои иттилоот баён намуданд. Алалхусус баҳри пешгирии бемориҳои қалб, пӯст, бемории қанд ва бемориҳои занона. Ва бисёр ҳам хоҳиш карданд, ки дар оянда мехостанд оид ба ин бемориҳо маълумоти аниқтаре дошта бошанд. Ба кормандони марказ муяссар гашт, фаҳманд, ки аллакай талабот ва арзишҳои алоқаманд ба корҳои профилактикӣ ва пешгирии амроз ва одатҳои номатлуб дар миёни аҳолӣ зиёд шудааст ва аҳолӣ муштоқи фаҳмидани маълумотҳо дар бораи ин ё он бемориҳо ва роҳҳои пешгирии онҳо мебошанд, чунки ин раванд талаботи вакту замон аст.
Дафтари матбуоти МҶТТҲС