ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
Ҳар сол рӯзи бисту чоруми ноябр мо рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам дар қатори Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ, яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус арзёбӣ шудааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ монданд, аз ин гуфта гувоҳӣ медиҳанд.
Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, мoҳи ноябри соли 1992 дар Хӯҷандшаҳри бостонӣ, дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ тарњезӣ гардида буд, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон — Тоҷикистони азиз, Парчам ва дертар, Нишон қабул карда шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум, сокинони кишвар ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, сохтмони он дар давоми як сол бо шукуҳу шаҳомати хоса ба анҷом расид.
30 августи соли 2011-умро сокинони Тоҷикистон, махсусан шаҳрвандони Душанбе хуб дар хотир доранд. Он рӯз дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Чумҳурии Точикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид, ки баландии Парчам 30 метр ва паҳноии он 60 метр мебошад.Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолияти ҳамон кишвар буда, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣмебошад.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами давлатии Точикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллй ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳама соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобиту дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд. Давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи чаҳонй парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамватанони азизи мо мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва накшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини диёрамон меҳри Ватанро афзунтар менамояд ва солҳо дар фазои озодии кишварамон парафшонӣ хоҳад кард.
Дар охир ҷашни рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли Шумо, ҳамкасбони арҷманд ва ҳамаи ҳамватанон муборакбод гуфта, таманнои онро мекунам, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҳикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва орзуву омоли деринаи мардуми тоҷик, садсолаҳо парафшон ва роҳнамои мо ба сӯи фардои дурахшон бошад! Ба ҳар як сокини Тоҷикистон хонаободӣ, тансиҳатӣ ва хушбахтӣ таманно дорам.
Зиё Раҳмон,н.и.б.,
муовини директори
Муассисаи давлатии
«Маркази ҷумҳуриявии
ташаккули тарзи ҳаёти солим».
Аълочии тандурустии Тоҷикистон,
барандаи Мукофоти давлатии
ордени «Шараф».
Узви иттифоқи нависандагон
ва иттифоқи журналистони Тоҷикисон