top of page

Таҳкими ҳамкориҳо бо ВАО

19 январи соли 2016 дар Муасиссаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони идораҳои васоити ахбори омма вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ масоили иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарғиби ташаккулири тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон масъали пурзӯр намудани робитаи Муасиссаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» бо ВАО, тартиби дурусти пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ оид ба саломатӣ низ баррасӣ гардид. Мутахассисон бештар ба инъикоси масъалаҳои тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим аз тариқи ВАО таваҷҷуҳ намуда, ба рӯзноманигорон ба муҳим будани иттилоот ба аҳолӣ, пешниҳоду тавсияҳо доданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили иштироки фаъоли мутахассисони муассисаҳои тиббӣ дар барномаҳои телевизионию радиоӣ низ дида баромада шуд.


Comentários


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page