top of page

Рӯзи Модар муборак, ид муборак!

Иди фархундаву фараҳбахши рӯзи Модар ба оғози баҳори гулгуну гулбанду гулрез рост меояд. Баҳор ба табиат рангу бӯйи тоза, нуру сафои нав мебахшад, модар ба хонадон. Модар хонаи пур, дили пур, саодати оила, рӯзу рӯзгори хуш, солиму бардам ба воя расидани фарзандон аст. Модар бақои миллат ва ояндаи дурахшони кишвар аст.

Бонувони азизу арҷманд, хоҳарони меҳрубон Рӯзи Модарро ба ҳамаи Шумо табрику таҳният мегӯем, ба Шумо азизон умри дарози босаодат, барори кор, дар рӯзгоратон муҳаббату самимияту садоқат, ҳаёти босафои оилавӣ, ба ҷавондухтарон хандаи бахт, дили пурорзуро таманно дорем.

Шумо ҳастед, ки зиндагиро ширин месозед, дилҳоро нарму хотирро болида медоред. Мо бо Шумо менозему меболем, ҳастии мо, давоми мо, ояндаи накуйи мо Шумоед!

Дили беғами Шумо, лабони пуртабассуми Шумо, ҳаёти пурнишоти Шумо, муваффақияти кори Шумо орзуи дили мост.

Рӯзи Модар ба Шумо муборак бошад!


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page