top of page

7 Апрел Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ

7-уми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӯ дар Пажӯҳшгоҳи илмию тадқиқотии гастроэнтрологии академияи илмҳои тиб чорабинии шукӯҳманде баргузор гардид. « Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» имсол таҳти шиори «Бар бемории диабети қанд пирӯз меоем!» гузашт. Бо иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон аз марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои шаҳри Душанбе табибони варзида ҷамъ омаданд ва ба ниёзмандон ройгон маслиҳату тавсияҳо доданд. Яке аз ҳадафҳои асосии ин рӯз баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии мардум буд. Ба ин хотир «Дӯконҳои саломатӯ» ташкил карда шуданд, ки тавассути онҳо буклет, варақаҳо китобчаҳо оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳои гуногун дастраси омма гардиданд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз бо иштироки масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳури ва хабарнигорони васоити ахбори омма мизи мудаввар барпо гардид. Дар он оид ба масъалаҳои доғи сиҳатии мардуми кишвар гуфтугӯйи судманд доир шуд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page