top of page

БА СИЛ ПИРӮЗ МЕОЕМ

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва бо дастгирии молиявии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар Кохи Ҷомӣ чорабинии иттилоотию фарҳангӣ доир шуд. Чорабинии мазкур таҳти шиори «Дар мубориза бар зидди бемории сил муттаҳид мешавем» баргузор шуда, дар он беш аз 700 нафар иштирок намуд. Аксия-чорабиниро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ва сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард ифтитоҳ намуданд. Онҳо аз ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Амрико дар самти тандурустӣ изҳори хушнудӣ намуданд. Таъкид шуд, ки саҳми Барномаи USAID оид ба мубориза алайҳи бемории сил ва сохторҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон назаррас мебошад.

Ҳамзамон дар ин рӯз намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ ва шарикони оид ба рушд барои саҳмгузорӣ ва ҳамкориҳо аз тарафи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Инчунин, табибони собиқадори силшинос, мутахассисоне, ки барои пешгирии бемории сил заҳмат кашидаанд, бо сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин рӯз дар даромадгоҳи бинои Кохи Ҷомӣ аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» «Дукони саломатӣ» ташкил карда шуд. Дар «Дукони саломатӣ» маводҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сил пешкаши аҳолӣ гардонида шуд.

Ҳамчунин дар байни иштирокчиён викторина дар шакли саволу ҷавоб гузаронида шуд. Саволҳо атрофи пешгирӣ ва табобати бемории сил таҳия шуда, ба нафароне, ки ҷавобҳои дурустро пешниҳод намуданд, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Дар ин рӯз гурӯҳи ҳунармандон ва ҳаҷвнигорони шинохта барномаи фарҳапнгии хешро манзури тамошобинон намуданд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page