Ба нестшавии бемории Вараҷа ноил мешавем!
25 апрели соли 2016 дар бинои Маркази миллии ташхис, кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва «Маркази ҷумуҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон тахти шиори «Ба нестшавии бемории Вараҷа ноил мешавем!» чорабинии иттилотиву маърифатӣ гузаронида шуд.
Аз рӯи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон ҳар сол 300-500 миллион ҳодисаи бемории вараҷа ба қайд грифта мешавад, ки аз онҳо 1 миллионашон мефавтанд. Ба гуфтаи мутахассисон бемории вараҷа тавассути нешзании хомӯшакҳои вараҷаовар (Анофелес) аз шахси бемор ба шахси солим мегузарад. Бо ин мақсад тоза намудани гирду атрофии хонаҳоро аз обҳои ҷамъшуда, истифодаи пардаҳои тӯрӣ, на камтар аз 3 километр дуртар аз хонаҳои аҳолинишин шоликорӣ, бегоҳирӯзӣ буӣ намудани райҳон, испанд, пудина ва баъди намози шом пӯшидани либосҳои остиндароз ва ҷуробро тавсия медиҳанд.