Корвони саломатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
04.05.2016 Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2023», ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии навбатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон баргузор гардид, иштирок намуд. Ҳадафи гузаронидани ин чорабинӣ пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа мебошад.
Марказ дар чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии навбатӣ ба тариқи баландгӯяк ва паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳо, фаъолияти ҷисмонӣ, пешгирии одатҳои номатлуб (зарари тамоку) ва тарзи ҳаёти солим фаъолона иштирок намуд.