top of page

Дӯкони саломатӣ дар «Боғи Ирам»

  • hayotisolim
  • 24 мая 2016 г.
  • 1 мин. чтения

Барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шоми ҷавонӣ», ки таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дирӯз 23 май бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» баргузор гардид. . Чорабинии мазкур аз тарафи Кумиати ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим», иштирок доштанд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо аз тарафи ин Марказ дар «Боғи Ирам» дӯкони саломатӣ ташкил шуд.

Кормандони марказ ба ҷавонон маводи иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемориҳо тақсим намуданд. Дар чорабинӣ мутахассисон тариқи баландгӯяк вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ба аҳолӣ маълумот расониданд. Бояд гуфт, ки шурӯъ аз соли 1998 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад.


 
 
 

Comments


Шарикони Марказ

Телефони Марказ:             (992) 37 2 34 00 29

 

Телефони боварии Маркз; (992) 935600500

 

Душанбе —  Ҷумъа

         8:00 — 17:00

bottom of page