top of page

Мизи мудаввар дар Китобхонаи миллии Тоҷикисон оид ба Дерматовенерология

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11июли соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастовардҳо, афзалиятҳо ва ҷанбаҳои актуалии рушди дерматовенерология», баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ширкатҳои фарматсевтии «Гедеон», «Онлайн фарм», инчунин Ассотсиатсия башардӯстонаи кумак ба беморони ҷузом ва сили Олмон, Намояндагии Хазинаи аҳолии Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон доир шуд. Насимҷон Олимов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд.

Баъдан сухани навбати ба Романа Драбик- намояндаи ташкилоти башардустонаи давлатии Олмон бар зидди бемориҳои ҷузом ва сил; Али Лутфизада директори «PASHA» США; Жаудат Умеров Москва; Дайко Виктор Васильевич-директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба омузиши бемории ҷузом профессор (ш. Астрахан, Федератсияи Россия) ва дигар намоянндагони ин мизи мудаввар суханрони намудан.

Дар мизи мудаввар маърузаҳои гуногун оид ба «Пайдоиши клиники пайҳои пӯст дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастовардҳои соҳаи дерматовенерология дар солҳои истиқлолият». Ва якчанд маърузаҳои гуногуни дигар баромад карда шуд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page