ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ РОЙГОНИ ТИББӢ БА СОКИНОНИ ВОДИИ РАШТ
Дар навоҳии Рашт, Лахш ва Сангвор бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратӣ - «Корвони саломатӣ» доир шуд. Чорабинӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2023» баргузор гардид. Дар «Корвони саломатӣ» табибону мутахассисону касбии муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ шомил буда, машварату хизматрасониҳои гуногуни тиббиро манзури аҳолии минтақа гардониданд. Аз ҷумла, табибони асабшинос, амрози занон, дилшинос, эндокринолог, пӯст, уролог, чашм, атфол ва ҷарроҳон иштирок доштанд. Ҳамзамон мошини муҷаҳаз бо дастгоҳи рентгении рақамӣ, дастгоҳи фаросадоӣ, сабти барқии дил ва дигар лавозимоти муҳимми тиббӣ низ ба ин минтақа дастрас карда шуда, аҳолӣ аз ташхису муоина тиббӣ гузаронида шуд.
Бино ба иттилои сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт, Алимаҳмад Солиев, танҳо дар ноҳияи Рашт беш аз ду ҳазор нафарро табибон аз ташхису табобат гузарониданд. Ҳамчунин аз ҷониби табибони сатҳӣ ҷумҳуриявӣ 10 сокини ноҳияи Рашт ҷарроҳӣ карда шуд.
Маъракаи «Корвони саломатӣ» дар навоҳии Рашт таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Насим Олимов баргузор шуд.
Ҳадафи чорабинӣ пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии мардум мебошад. «Корвони саломатӣ» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ доир шуд.