top of page

Шири модар барои истеъмол доимо тайёр аст!

Ҳамасола аз 1 то 7 август дар зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҳафтаи дастгирии синамаконӣ барои беҳтар намудани саломатии кӯдакон гузаронида мешавад. Имсол таҳти шиори «Синамаконӣ- калиди рушди устувор» мегузарад. Ҳар сол аз 1 то 10 августи соли 2016 Даҳаи кўмак ва дастгирии синамаконӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронида мешавад. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ таҳти шиори «Синамаконӣ—калиди рушди устувор» баргузор гардид. Мақсади асосии гузаронидани ин чорабини баланд бардоштани сатҳи кормандони соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кўдакон аст. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷаъфаров ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гардонид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич ва муовини роҳбари намояндагии доимии Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон Марҷон Монтаземӣ иштирок намуданд. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз дошт, ки шири модар бартариятҳои зиёде дорад. Кӯдаки ғизои сунъӣ истеъмолкунанда назар ба кӯдаке, ки шири модар истеъмол менамояд 15 маротиба бештар хатари бабемориҳои сироятӣ гирифтор шуданро дорад.

Ба гуфти Наврӯз Ҷаъфаров, беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар буда, ҷойи онро чизе иваз карда наметавонад. Ширҳои сунъӣ дорои миқдори зиёди намакҳои натрий, калтсий ва фосфор ва ба организми кӯдак бенафъ мебошанд.

Ҳамчунин муовини вазири тандурустӣ илова намуд, ки барои таъмини кӯдак бо маводҳои гуногуни ғизоӣ аз рӯзи таваллуд то 6 моҳагӣ 56 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст ва дар ҳолати 70 сомонӣ нарх доштани ҳар як қуттии ғизои сунъӣ он дар 6 моҳ 3920 сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба буҷаи оила зарари зиёд ворид мекунад. Аз ин лиҳоз, беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар аст ва то синни 2 -солагӣ истемоли он ҳатмӣ мебошад.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page