top of page

ТАБОБАТИ САРИВАҚТИИ СИЛ - РО БА СӮӢИ ОРЗУҲО

Инсон дар олами астӣ бо таззодҳои гуногуну печидаи рўзгор рў ба рў меояд. Чӣ будани ғаму шодӣ, сиҳатию беморӣ ва некию бадиро дарк мекунад. Аммо дар донистани ҳодисаву воқеаҳое, ки минбаъд пеш меоянд, ў нотавону оҷиз аст, шодию мусибате, ки бо гардиши айём ба сараш меоянд, аз таќдиру насиб мебинад, аз сарнавишт гоҳ шод асту гоҳ аҳзуну ғамгин. Аммо ин ҳаргиз маънии онро надорад, ки ҳама чизро аз тақдир донем, не, инсон оҳангари рўзгори хеш аст.

Табиат барои инсон беҳтарин неъматҳоро офаридааст. Самаранок истифода кардани онҳо аз худи мо вобаста аст. Неъмати табиат, тани сиҳат мебошад. Дидаем, мушоҳида кардаем, ки яке саломатиро то охири умр эҳтиёт мекунад ва умри дарози бедарду ранҷ мебинад, дигаре ба қадраш намерасаду худро гирифтори аъмоли бад карда, ба корҳои номатлуб даст мезанад ва ба зудӣ ин неъматро аз даст медиҳад. Савумӣагарчӣ нексиришту соҳибирода аст, вале гоҳҳо нисбат ба солимии хеш кам таваҷҷуҳ мекунад.

Оре, бемориҳое ҳам ҳастанд, ки новобаста аз амалу кирдор, кас ғарйинтизор мубталои онҳо мегардад. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустї ҳушдор медиҳад, ки агар таъсири экология, ғизо, ирсиятро истисно намоем, қариб 60 дарсади саломатӣ дар дасти худи инсон аст. Бино ба таҳлилҳои ин ташкилот фақат 10 дарсади саломатӣ ба тиб вобаста асту халос.

Яке аз бемориҳои сироятие, ки ҳар шахс ба он гирифтор шуданаш аз эҳтимол дур нест, бемории сил мебошад. Андешаҳои мардум дар бораи ин беморӣ гуногунанд. Афроди ҳушманд аллакай медонанд, ки сил авлодӣ нест ва он табобатшаванда аст. Вале бо вуҷуди рушди техника ва иттилоот имрўзҳо боз андешаҳои ғалат ҳам роҷеъ ба бемории сил дар зеҳни баъзеҳо ҷой дорад, ки баръакс, онро авлодӣ ва табобатнашаванда мепиндоранд. Ин дар ҳолест, ки илми тиб исбот кардааст, ки бемории сил ба авлод ҳеч иртибот надорад ва беморе, ки саривақт аз рўйи маслиҳати табибон амал мекунаду худро барои шифо ёфтан масъул медонад, албатта ба зудӣ сиҳат хоҳад шуд.

Ба хонандаи азиз мехоҳам аз сарнавишти як дўсти наздикам Пўлод, ки замоне ба бемории сил гирифтор шуда буд, қисса кунам. Чор сол пеш дўсти ман, ки аз хурдӣ мо бо ҳам якҷо калон шудему дар шодию ғами якдигар ҳамеша паҳўли ҳам будем, ба бемории сил гирифтор шуд. Пўлод дар миёни дўстон бо гўфтору рафтори шоистааш ба куллӣ фарқ мекард. Дар сахттарин рўзҳои дўстону наздикон ҳозир буд ва ин хислатњои нек аз хурдӣ ҳамсафараш буд. Ў соли 2007, пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоњ дохил шуд ва онро бо сари баланд хатм намуд. Азбаски Пўлод ҷавони босаводу кордон буд, дар айёми донишҷўйи аллакай дар яке аз корхонаҳои бонуфузи кишвар ба ҳайси иқтисодчӣ фаъолият мекард ва дар як муддати кўтоҳ корро аз худ карду роҳбарият ва ҳамкоронро ба ҳайрат гузошт.

Пўлод ҷавони қоматбаланд, кушодачеҳраву тануманд аст. Аз айёми наврасӣ ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул буд ва ҳатто дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ баромад намуда, соҳиби чандин ифтихорномаву медал ҳам шудааст.

Як рўз Пўлод бемор шуд ва худро нотоб ҳис кард. Ба гўфтаи ў дар рўзҳои аввал нишонаҳои бемории зукомро дар худ ҳис кардааст. Баландшавии ҳарорати бадан то 37-37,5 ва сулфаи зиёда аз як моҳ сабаб шуд, ки ў ба беморхона муроҷиат кунад. Духтурони беморхонаи шаҳраки табибон пас аз ташхис изҳор доштаанд, ки ў гирифтори бемории илтиҳоби шуш (пневмания) мебошад. Пўлод дар беморхона бистарї шуд ва пас аз 24 рўзи табобат бо рухсати табибон ба хона баргашт. Баъди бозгашт ба хона дар вуҷудаш камшавии дард ҳис нашуд ва нигарон аз он буд, ки табобат бенатиҷа анҷом ёфт. Ба ҳар ҳол то як ҳафта аз пештара дида дард ўро камтар ранљ дод. Баъди як њафта боз чун хуруљи маризиаш зиёд шуду сулфаю арақкунии шабона авҷ гирифт. Вақте ки ба аёдаташ мерафтем, ба чашми худ медидем, ки ҳатто садояш хастау овозаш гирифтагӣ буд. Бо маслиҳати наздикон Пўлод ба Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳоли аз бемории сил рафт ва паст аз ташхису рентген маълум гардид, ки гирифтори бемории сил мебошад.

Ҳамин тариқ ў соли 2011 дар Беморхонаи сил бистарӣ гардид. Ҷисман ва рўан азоб мекашид. Пўлод, ки ҷисман обутобёфта буд, лоғар шудан гирифт. Муҳит барояш бегона буд, фикру андешаҳои гуногун ба сар дошт. Умедашро аз зиндагӣ канда буд. Роҳи наҷот, роҳи раҳоӣ аз сил барояш норушан менамуд. Моҳи октябри соли 2011 дар беморхонаи бемориҳои сил табобат оғоз шуд. Дар ин муддат, барои ҳис накардани гузаштани вақт ба китобхонӣ ва тамошои филм машғул мешуд. Мо, ки шоҳиди бемории ӯ будему ба аёдаташ мерафтем, аз аҳволаш хуб бохабар будем. Азбаски ў шахси чолоку беќарор буд, худро дар беморхона, ки дигар чун пештара имкони гашту гузор нест, хело нороҳат ҳис мекард. Ҳолати бемороне, ки дер муроҷиат карданд ё ин ки табобатро канда карда, то охир нагирифтаанд медиду рӯҳан азият мекашид. Чанд нафар дўстон аз бемории Пўлод огоњ шуданд, дигар аз ў рўй гардониданд, ба аёдаташ намерафтанд.

Табибон ба Пўлод гуфтаанд, ки агар саривақт доруқоятро хўрӣ, табобатро пурра гирӣ, албатта сиҳат мешавӣ. Агарчӣ дар аввал Пўлод ба табобатшаванда будани бемориаш бовар надошт, аммо ин гуфтаҳо ўро ба ҳайрат гузошт. Иқдом гирифт, ки аз ин пас танҳо ба маслиҳату машварати мутахассисон гўш медиҳад, на ба гуфтаи ашхосе, ки дар бораи бемории сил хаёлу бофтаҳои беасос доранд. Фикру хаёли нав ба сараш омад, дар ваҳташ доруҳоро истеъмол мекард. Ў иродаашро қавӣ сохт ва дар назди худ мақсад гузошт, ки табобатро бетанаффус, пурра мегирад.

Пўлод тўли 7 моҳ дар беморхонаи бемориҳои сил табобат гирифт ва хушбахтона шифо ёфт. Ҳоло чун пештара солим асту дар яке аз муаассисаҳои давлатӣ фаъолият дорад.

Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо табибон ва ҳамшираҳои тиб бо беморон муносибати хуб доштанд ва ин ҳолат яке аз воситањои муассири рўҳбаланд кардани беморон будааст. Чунин андеша дорад, ки агар ҳар қадаре ки наздикон дастгирӣ кунанд, яъне худро аз бемор дур нагиранд, беморро суханони таҳқиромез нагўянду ба ҳуқуқҳояш эҳтиром гузоранд, ҳамон қадар ҷараёни табобат осон мегузараду бемор ҳам рўҳан худро хушҳол ҳис мекунад ва ин албатта боманфиат хоҳад буд.

Сабаби дигари шифоёбиашро дар хӯрдани ғизоҳои серкалория шарҳ медиҳад. Дар беморхона дар вақташ ғизо ва доруҳои бепулро ба онҳо пешниҳод мекарданд. Вале ба гуфтаи ў набояд ба он қаноат кард, дар баробари расонидани кумакҳои маводи озуқа ва дорувории давлат ва шарикони оид ба рушд, бояд оилаи бемор ҳам масъулият ҳис карда, он чи ки бемор ба он бештар ниёз дорад, таъмин намояд.

Пас аз як моҳи муолиҷаи Пўлод дар беморхона як зан, ки мубталои бемории сил буд, бистарӣ шуд. Пас аз чанде маълум гардид, ки бо ошкор шудани бемории зан, хушдоманаш аз ў рўй гардонидааст, на худаш ба аёдати келинаш меомадааст ва на ба писараш иҷозати аёдатро медодааст. Он зан, ки дар суњбат бо мо худро Гулбаҳор муаррифӣ кард, гуфт: дар оила дувумин келин аст, бо сабаби бемориаш, хушдоман аъзоёни оилаашро нагузоштааст, ки бо ў дар иртибот бошанд. Хушдоман дар назди писараш шарт гузоштааст, ки ё модарро интихоб кун ё занатро. Ҳадафаш ин ки аз занаш ҷудо шавад. Аммо фикр намекунад, ки тақдири ояндаи 3 кўдаки онҳоро чӣӣ интизор аст. Писараш, ки намехост оилааш пош хўраду фарзандонаш аз падар маҳрум шаванд, модарро розӣ кунонд, ки дигар ба назди завҷаааш намеравад. Аммо умед дошт, ки рўзе мерасад ҳамсари меҳрубонаш табобат меёбаду боз саробони фарзандон мегардад. Дар давоми табобат шавҳар ба таври пинҳонӣ аз модараш ба аёдат меомаду аз аҳволи оилааш доимо бохабар буд. Хуллас, пас аз 8 моҳ Гулбаҳор сиҳат шуду ба назди фарзандонаш баргашт. Ҳоло ин аҳли оила хушбахт ҳастанд ва зиндагии ширин доранд.

Агар шахсе дар худ нишонаҳои бемории силро пай барад, бояд дарҳол ба духтур муроҷиат кунад. Нишонаҳои бемории сил чунинанд: сулфаи давомнокиаш аз 2 ҳафта зиёд, дарди ақфаси сина, араќкунии шабона, бемодарӣ, камшавии иштиҳо ва вазн, баландшавии ҳарорати бадан (37-37,5 г.С).

Ёдрас менамоем, ки бемории сил яке аз бемориҳои сироятии хавфнок мебошад, ки дар тўли асрҳо сабаби марги нафарони зиёд гаштааст. Соли 1882 барангезандаи бемории сил аз ҷониби донишманди олмонӣ Роберт Кох кашф гардид ва аз ин ба баъд мардуми сайёра барои мубориза бурдан бо сил иқдом гирифтад

Мўсо Абдуқаҳҳор Мудири шуъбаи коммуникатсия ва алоқа бо ҷомеа


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page