top of page

II-юмин ҷаласаи эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон»

Санаи 11-ноябр дар маҷлисгоҳи «Маркази Исмоилия» семинар-машварат бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ВАО баргузор гардид. Дар ин семинар-машварат беш аз 90- нафар табибони силшинос, беморони аз сил шифоёфта ва рўзноманигорон иштирок доштанд. Ҳадаф аз баргузории ин семинар паст кардани сатҳи бемории сил дар Точҷикистон буд. Дар байни омма гузаронидани корҳои тарѓиботию ташвиқотӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сил дониста шуд.

Бояд қайд кард, ки бемории сил табобатшаванда мебошад, аммо ба ин нигоҳ накарда, ин бемори дар ҳар 18 сония дар дунё 1 нафарро ба ҳалокат мерасонад. Аз рўйи ҳисоботҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ соли дар 2014 дар тамоми ҷаҳон 10,4 миллион нафар гирифтори бемории сил гаштааст. 1,8 миллион нафар аз ин беморӣ фавтидааст, ки дар муқоиса бо 1,2 миллион нафар аз ВНМО фавтида, бемории сирояткунандаи сил ҳамчунқотили №1 шинохта шудааст.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page