top of page

« Ман ба пешгирии ВНМО тарафдорам »


15-уми ноябри соли равон дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маърака таҳти унвони «Ман ба пешгирии ВНМО тарафдорам» баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС) ва Хазинаи «СПИД инфосвязь»-и ФедератсияиРоссия гузаронида шуд.

Дар ифтитоҳ вазири тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло, шарикони оид ба рушд суханронӣ намуда, аз натиҷаи ҳамкориҳои тарафҳо ҷиҳати пешгирии ВНМО дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ёдрас менамоем, ки маърака ба оғози «Ҳафтаи пешгирӣ» ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди БПНМ, ки ҳамасола 1 декабр қайд мегардад, вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон дар ин рўз комплекси ташхисии сайёри муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Фаъолияти клиникаи мобилӣ дар минтақаҳои дурдаст икишвар ба роҳ монда мешавад


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page