top of page

Дар ш. Душанбе аксиячорабинӣ оид ба пешгирии ВНМО доир шуд


Бахшида ба Рўзи умумиаҷҳонии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №30 - 80 ва Маркази «Орёно»-и шаҳри Душанбе аксиячорабинии иттилоотӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон варзиш ва

сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва дигар шарикон доир гардид. Ҳадафи гузаронидани аксияи мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии сокинони пойтахт буд. Дар ин рўз мутахссони МД «МҶТТҲС» дар байни хонандагони мактаб ва ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо маводи иттилоотию маърифатӣ вобаста ба пешгирии ВНМО/БПНМ, инчунин дигар бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ дастрас карда шуд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page