top of page

Аз истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ эҳтиёт бояд шуд


Имрўз мутобиқат ба доруҳои зиддимикробӢ (антибиотикҳо) дар ҷаҳон ба як хатари ҷиддӣ мубаддал гаштааст, ки он метавонад ба вазъи солимии аҳли башар таҳдид намояд. Ин нуктаро намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар гузориши худ таҳти унвони «Паҳншавии бемориҳое, ки ба воситаи тиббӣ-санитарӣ алоқамандӣ дорад», изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 20 ноябри 2016 дар тамоми ҷаҳон ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодабарии дурусти доруҳои зиддимикробӣ таҷлил карда шуд. Аз кормандони соҳаи тандурустӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт саҳми худро гузоранд.

Тибқи маълумоти намояндагони ТУТ дар Аврупо сироятҳои пайдошуда дар муассисаҳои тандурустӣ сабаби 16 миллион рўзи иловагии бистаршавии беморон гардидааст, ки он боиси фавти 37000 гардидааст. Маҳз бар асари чунин сироятҳо 110 ҳазор фавти иловагӣ (дар як сол) ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа зарари молиявии ин паёмад зиёд гардида, хароҷоти солонаи он тақрибан 7 миллиард евроро ташкил медиҳад.

Паст будани сатҳи назорат ва чораандешӣ вобаста ба пешгирии доруҳои зиддимикробӣ, инчунин истифодаи нодуруст ва аз ҳад зиёди онҳо боиси зиёд гардидани таҳдиду хатарҳо гаштааст. Бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ бояд дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ мунтазам андешида шаванд.

Дар баробари кормандони соҳаи тандурустӣ аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки оид ба зиёдшавии таҳдиди устувории доруҳои зиддимикробӣ дар байни аҳолӣ суҳбатҳо гузаронанд.

Дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо доруҳои зиддимикробиро бештар берун аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои табобати бемориҳо ба монанди сирояти бемориҳои рўда, роҳҳои нафас, системаи пешоб ва ғайра истифода мебаранд. Истифодаи зиёди онҳо аксар вақт аз тарафи кормандони миёнаи тибби марказҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва табибони оилавӣ таъин карда мешвад. Мутаасифона, дар баъзе минтақаҳои кишвар беморон бе машварати табиб антибиотикҳоро харидорӣ намуда, ихтиёран истифода мебаранд.

Устувории микроорганизмҳо бо доруҳои зиддимикробӣ натаҳҳо ба саломатии мардуми кишвари мо зарар дорад, балки ба сокинони дигар кишварҳо низ таҳдид менамояд. Танҳо дар се соли охир барои тасдиқ ба озмоишгоҳи бактериологии ХДНСЭ аз минтақаҳо 1569 намунаҳо ворид карда шудааст. Ҷудо гардидааст; Shigellae-171 (10,9%), E.Coli-745 (47,5%), Proteus-337 (21,4%), Klebsiella-117 (7,5%), Salmonella paratyphi A-5 (0.3 %), Salmonella paratyphi B-6 (0,3%), typhi Salmonella ва дигар-92 (5,9%), Enterobacter-23 (1,4%). Citrobacter-25 (1,6%), Shigella Sonneei-5 (0,3%), Shigella Flexneri-4 (0.28).

Ҳамаи намунаҳо барои ҳассосият бо доруҳои зиддимикробӣ аз озмоишгоњҳ гузаштаанд. Намунаи Shigella тасдиқ ба левомисетин, гентамисин, сипрофлаксасину фуразолидон ҳасос ва ба амписиллин, бисептол устувор мебошад.

Намунаҳои Proteus, Klebsiella, Salmonella, Enterobacter, Citrobacter, Citrobacter ҳасосияти суст ба полимиксин, гентамисин, хлорамфеникол ва ба доруњои ампициллин, бисептол, ципрофлоксацин, фуразолидон, тетрациклин, доксоцикллин ва цефолитин устувор буданд.

Барои пешгирии паҳншавии устувории доруҳо чӣ бояд кард: Тадбирҳои пешгирӣ ва назорати сироят, махсусан дар беморхонаҳо барои паст кардани сатҳи паҳншавии бактерияҳои устувор, мусоидат менамояд. Назорати сироятҳо дар муассисаҳои КАТС ҳатмист. Инчунин пешгирии сироятҳо дар байни гурўҳҳои махсуси аҳолӣ, масалан, дар хонаҳои пиронсолон ва марказҳои рўзона барои нигоҳубини кўдакон, зарурати талаботи доруҳои зиддимикробиро паст менамояд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page