top of page

Паёми Президент барномаи кори мост.


Имрӯз ҳамаи кормандониМД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Марказ ҷамъ омада, бо рӯҳияи баланд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Президенти кишвар дар Паёми солонашон низ ба масъалаҳои соҳаи тандурустӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, махсус таъкид намуданд, ки бояд пеши роҳи вориди доруҳои қалбакӣ баста шавад. Тоҷикистон худаш дорухонаи зиндаи табиат аст, гулу гиёҳу растаниҳои кишварро ба мақсадҳои табобатӣ истифода кард. Ҳамчунин аз пайи бунёди корхонаҳои дорусозӣ бояд шуд. Умед аст, ки дар солҳои наздик чунин корхонаҳо фаъол мегарданд ва дорувориҳои кишвари мо дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи босазо пайдо мекунад.

Зимнан, ҳар сол мардуми кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд ва ин бесабаб нест. Зеро Паёми Президенти кишвар аз минбари баланд мазмунан сермуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталиф сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, дар маҷмӯъ тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишвар буда, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.. Кормандони МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо бардошти муассир аз ҳар як нуктаи Паём онро дар фаъолияти ҳаррӯза пурсамар истифода мебаранд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page