Бемории силро аз байн мебарем!
Шурўъ аз 23 декабри соли равон бо дастгирии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Котиботи Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои вилояти Хатлон Восеъ, Ёвон, Вахш ва Рўдакӣ мизҳои мудаввар доир карда шуд. Дар нишастҳо намояндагони «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон», намояндагони ҳукумати ноҳияҳо, духтурони силшинос, собиқ беморони аз сил шифоёфта, хабарнигорони васоити ахбори омма, фаъолони маҳҳалла, шитирок намуданд. Ҳадафи баргузории он ҳамгироии муассисаҳои зиддисилӣ ва кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, инчунин ҳамкориҳои байнисоҳавӣ миёни хадамотҳои тиббӣ ва дигар шуъбаҳои дахлдори мақомоти ҳокимияти маҳалӣ мебошад.
Сафар Наимов Роҳбари лоиҳаҳои доир ба пешгирии бемориҳои сил Котиби Эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” зикр кард, ки барои дарёфти саривақтии беморони сил беҳдошти сифати табобат ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ вобаста ба пешгирии бемории сил намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорони маҳалӣ ва васоити ахбори омма ҷалб гардидаанд. Ташхис ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон ба таври ройгон пурра дастрас аст. Мушкилот, ки дар кишвар сади роҳи ноил шудан ба муваффақият дар мубориза бо бемории сил мегардад ин муроҷиати дер ба духтур аз тарафи шахсони гирифтори бемории сил мебошад.
Тибқи як тадқиқоте, ки Котиботи Эътилофи «Ҳамкории БОЗДОШТИ СИЛ дар Тоҷикистон» гузаронид, сабабҳои асосии муроҷиати дери шахсони гирифтори бемории сил ба духтур ин норасогии маълумот оиди нишонаҳои бемории сил, норасогии маблағ ва ҳарос аз доғгузорӣ мебошад.
Мушкилоти дигар дар ноил шудан ба муваффақият дар мубориза бо бемории сил ин танаффус дар табобат ё худ риоя накардани шахсони бемор ба реҷаи табобат мебошад. Роҳ додани танаффус дар табобат,тамом накардани курси табобат бо таври зарурӣ яке аз сабабҳои афзоиши шакли мутобикгаштаи сил ва шакли васеъи мутобиқгаштаи сил (ШМС, ШВМС) мегардад.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои байнисоҳавӣ яке аз роҳҳои дар самти иҷрои ҳадафҳо арзёби мешавад.