top of page

ОМЎЗИШИ РЎЗНОМАНИГОРОН ДАР МАВЗЎЙИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ


Дар бинои Муассисаи «Душанбе Плаза» семинар-машварати омўзишӣ дар мавзўйи бемории сил барои намояндагони васоити ахбори омма доир гардида, дар он рўзноманигорон аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд. Семинари мазкур аз ҷониби «Гурўҳи татбиқкунандаи лоиҳаи оид ба татбиқи гранти модули нави маблағгузории Хазинаи Глобалӣ» дар назди Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ташкил карда шуд. Ҳадафи ҳамоиш бо истифода аз расонаҳои маҳаллӣ баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар хусуси пешгирӣ ва табобати саривақтии бемории сил мебошад.

Бино ба таъкиди Аслиддин Раҷабов – иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, нақши намояндагони ВАО барои зиёд намудани донишҳои тиббии мардум муҳим мебошад. Номбурда изҳор намуд, ки барои паст намудани сатҳи доғгузории беморони сил рўзноманигорон метавонанд бо нашри иттилои дуруст ин мушкилии доғро, ки боиси ташвиши равононии беморон гаштааст, аз байн баранд. Ҳамзамон масъалаи одобу ахлоқи касбии рўзноманигорон ва роҳҳои дуруст расонидани маъумот оид ба бемории сил ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маълумоти мухтасар дар бораи бемории сил

Сил бемории сироятиест, ки аз бемори микробхориҷкунанда ба атрофиён бо роҳи ҳавоӣ: сулфа, атса ва суҳбатҳои тўлонӣ, хусусан дар маконе, ки ҳавояш маҳкам мебошад, мегузарад. Нишонаҳои беморӣ чунинанд: сулфаи давомнокиаш беш аз 2 ҳафта, дарди қафаси сина, хунпарто, камшавии иштиҳо, лоғаршавӣ, арақкунии шабона, баландшавии ҳарорати бадан то 37-38 дараҷа. Бемории сил ду намуд, шакли одӣ ва мутобиқгашта мешавад. Давраи табобати сили одӣ аз 6 то 8 моҳро ташкил медиҳад. Шахси бемор бояд табобатро пурра ва бетанаффус гирад. Дар ҳолати риоя накардани реҷаи табобат, сили одӣ ба сили мутобиқшуда мубаддал мегардад, ки давомнокии муолиҷаи он аз 20 то 24 моҳро дарбар мегирад. Дар ин ҳолат истифодаи якчанд доруи зиддисилӣ барангезандаи бемориро нест мекунанд.

Бемории сил авлод набуда, он табобатшаванда мебошад. Табобати беморӣ дар Тоҷикистон бо доруҳои зиддисилӣ бепул аст. Пас аз 2 ҳафтаи табобат бемор барои атрофиёнаш бехатар мешавад. Духтурони силшинос шахсони зеринро ба гурўҳои осебпазир шомил намудаанд, ки онҳо нисбат ба дигарон бештар ба беморӣ гирифтор мешаванд: Атрофиёни бемор, махсусан кўдакони то синни 6 сола, истеъмолкунандагони машрубот ва маводи мухаддир, муҳоҷирони меҳнатӣ, кормандони тибби касбӣ маҳбусон, сироятёфтагони ВНМО, шахсоне, ки гирифтори бемориҳои диабети қанд, захми меъда ва ғ. мебошанд.

Мусо Абдуқаҳҳров

Сафаралӣ Урунбоев


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page