top of page

Ҳадияи сафорати Амрико ба беморони сил дар Тоҷикистон

31 – уми январ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои силу ва ҷарроҳиҳои қафаси сина маросими супоридани маводи дорувории нав барои табобати шаклҳои мутобиқгаштаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини авали Вазири тандурустии кишвар Умарзода Саида баргузор гардид. Дар ин маросим маводи доруворӣ аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин муассиса барои муолиҷаи бемории сил супорида шуд. Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр намуд, ки бемории сил дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти тамоми низоми тандурустии кишвар мебошад. Солҳои охир дарёфт ва бақайдгирии шаклҳои гуногуни мутобиқгаштаи бемории сил дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 27 давлате, ки нишондодҳои баланди шакли мутобиқгаштаи силро доранд, дохил шудааст. Мутобиқи натиҷаҳои тадқиқоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар байни ҳодисаҳои нави бемории сил шумораи шаклҳои мутобиқгаштаи сил 13% ва байни беморони такрорӣ 54% - ро ташкил додааст. Инчунин бояд қайд кард, ки мутобиқи маълумоти омории солҳои 2015-2016, беморон бо шаклҳои гуногуни мутобиқгаштаи сил дар Тоҷикистон мутаносибан 702 ва 742 нафарро ташкил додаанд, ки дар байни онҳо 174 ва 186 нафар мутаносибан бо шаклҳои васеи мутобиқгаштаи сил (мутобиқат ба доруҳои зиддисилии қатори дуюм) мебошанд.

Муовини Сафири ИМА дар Тоҷикистон Люси Ҷилка иброз дошт, ки Сафорати ИМА бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич доранд.

«Бемории сил оқибатҳои нохуш дошта, дар як сол дар ҷаҳон қариб 500 ҳазор нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат мерасанд. Аз ҳамин сабаб бештари нафарон фикр доранд, ки бемории сил аз ҳама бемории хавфнок ба шумор меравад. Дар тамоми ҷаҳон духтурон танҳо аз доруҳое, ки 50 сол пеш кашф шуда буданд истифода мебаранд. Имрӯз ширкати дорусозии Амрико доруи нав «Бедаквилин» кашф намуд, ки он ройгон ба беморони Тоҷикистон тақдим мешавад. Ин доруи нав барои муолиҷаи бемории шадиди сил истифода мешавад. «Бедаквилин» аввалин маротиба соли 2012 истифода шуда, имрӯз аз ҳама доруи таъсирбахш бар зидди бемории сил ба шумор меравад», - илова намуд муовини Сафири ИМА дар Тоҷикистон.

Дар ибтидои соли 2009 дар Тоҷикистон дар сатҳи ноҳияҳои пилотӣ табобати беморони гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил оғоз гардид. Дар охири соли 2014 табобати чунин шаклҳои беморӣ дар тамоми кишвар бо дастгирии шарикони байналмилалӣ имконпазир шуд. Дар айни замон усулҳои табобати дароз муддати беморони шакли мутобиқгаштаи сил мавриди истифода қарор доранд, ки аз 20 то 36 моҳро бо истифодаи комбинатсияи маводи дорувории зиддисилии қатори дуюм дар бар мегиранд. Идоракунии табобати чунин ҳолатҳо хеле душвор буда, маблағҳои зиёд ва мутахассисони пуртаҷрибаро талаб менамояд.

Урунбаев Сафаралӣ


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page