top of page

Омӯзиши тренирон

Имрӯз дар Муассисаи Давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим омӯзиши тренерон оиди гузаронидани семинар-машваратҳо дар мавзӯи “Омода намудани роҳнамоҳои баробар оиди пешгирии бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ” гузаронида шуд. Омӯзиш аз ҷониби Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират ва барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ташкил ва гузаронида шуд.

Мақсади асосии омӯзиши тренерон, ин мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар дастраси ба ёрии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар давлатҳои аслӣ ва қабулкунанда ба воситаи роҳнамоҳои баробар мебошад.

Дар омӯзиши кормандони Муассисаи Давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Вазорати муҳоҷират ва меҳнат иштирок доштанд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page