Пешгирии ВНМО дар шаҳри Душанбе
Ҳафтаи сипаригардида дар назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ,майдони назди истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе вадигар ҷойҳои серодами шаҳр оиди иҷроиши протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2017 таҳти №1 ҷиҳати пешгирии афзоиши сирояти аҳолӣ ба вируси норасоии масунияти одам барои соли 2017чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид.Дар ин чорабиниҳо 35 нафар мутахассисони утоқҳои тарзи ҳаёти солим, инчунин 10 нафарӣ мутахассисон аз Марказҳои саломатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар ин чорабиниҳо,ки аз соати 8.00 то 11.00 субҳ доир гардиданд ҳунармандон ва варзишгарон низ ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ва МД “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” дар мувофиқа бо сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 марти соли 2017 баргузор гардид.
Дар ин рўзҳо аз тарафи мутахассисони МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дукони саломатӣ, гашти гурӯҳҳои ташфиқотии мобилӣ ва расонидани иттилоот бо истифода аз баландгўякҳо, тесткунии ройгони аҳолӣ, ба хусус ҷавонон тавассути дармонгоҳҳои мобилӣ ташкил ва дар байни сокинон маводҳои иттиллотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим паҳн карда шуд. Дар охир иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки ба таври мунтазам баргузор гардидани чунин чорабиниҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ боиси баланд гардидани сатҳи донишиаҳолӣ, махсусан ҷавонон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мегардад.