top of page

24 март – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил


Бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил ва ҷашни Наврӯзи аҷам дар Маркази миллии бемориҳои сили шуш ва ҷарроҳии қафаси сина чорабинии иттилоотию фарҳангӣ баргузор шуд. Маъракаи мазкур бо дастгирии молиявии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил доир гардид. Дар чорабинӣ мутахассисони силшинос ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар самти пешгирию табобати бемории сил фаъолият мекунанд, иштирок доштанд. Дар ифтитоҳ Фирўз Шарифов - директори Маркази мазкур ва Ҷамила Исмоилова – намояндаи Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон зимни суханронӣ аз натиҷаи фаъолиятҳои муштарак ва дастовардҳо дар самти пешгирии бемории сил изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба таъкиди директори беморхона – Ф. Шарифов пас аз ташкил намудани «Мактаби бемор» дар ин ҷо таваҷҷуҳи беморон барои гирифтани табобати пурра ва бетанаффус бештар шудааст. Ба гўфтаи ў қаблан беморон дар истеъмоли доруҳои зиддисилӣ худро нороҳат ҳис карда баъзан вақт саркашӣ менамуданд. Номбурда изҳор намуд, ки ҳоло сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, махсусан афроди мариз дар хусуси бемории сил нисбат ба солҳои пешин то андозае зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар беморхонаи сил айни замон 14 шуъба фаъолият дорад. Дар идомаи тантанаҳои ҷашнӣ аз ҷониби шуъбаҳои беморхона намоиши анъанаҳои хоси Наврўз, овезаҳо ва саҳначаҳо оид ба пешгирии бемории сил пешниҳод гардид. Дар ин қисмати чорабинӣ беҳтаринҳо аз тарафи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон барои рангин шудани маъракаи ҷашнӣ овозхонҳо ширкат намуда, ба ҳозирин таронаҳо ва рақсу бозиҳои ҷаззоб пешниҳод гардид.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page