Таобати беморони сил дар байни муҳоҷирон
Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кору фаъолияти муҳоҷирони тоҷик ва табобати бемории
сил дар байни онҳо семинар баргузор гардид. Дар вохўрӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва намояндагони муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Парвина Мухторова, директори МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, нишасти имрўза бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии муҳоҷиарат дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.
Дар нишаст мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва муҳоҷирати Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила мавзўъҳои вобаста ба ҳаёти муҳоҷирони тоҷик ва табобати бемории сил дар байни онҳоро муҳокима ва баррасӣ менамоянд. Агар ба миқёси паҳншавии бемории сил нигарем, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 27 мамлакате, ки дар онҳо бемории сил дар сатҳи нисбатан баланд мебошад, ворид мешавад. Бинобар ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои масъули он барои коҳиш додани сил дар кишвар, аз ҷумла дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тамоми чораву тадбирҳоро меандешанд. Дар «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» шуъбаи масъалаҳои кор бо муҳоҷирони дохилӣ ва берунӣ амал мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии муҳоҷиарат дар Тоҷикистон кор мебарад ва гуфтан мумкин аст, ки дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар шуъба телефони боварӣ мавҷуд аст, ки шаҳрвандон аз тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ, ҳатто берун аз он занг зада, оид ба табобати бемориҳо, аз љҷумла бемории сил маълумот мегиранд ва мувофиқи маслиҳату роҳнишондоди мутахассисон амал менамоянд.
Инчунин Марказ сайти махсус дорад, ки аз тариќи он доир ба масъалаҳои пешгирии бемории сил ва дигар бемориҳо маслиҳатҳо пешниҳод мегарданд. Ба замми он чӣ гуфтем, Марказ бо Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ буклет ва варақаҳои итиллоотӣ паҳн менамояд, ки онҳоро муҳоҷирон дар сафар бо худ мегиранд ва то андозае бошад ҳам дар бораи бемориҳо, аз ҷумла бемории сил маълумот ҳосил мекунанд. Мо аз муҳоҷирон хоҳиш доштем, ки ин буклету варақаҳоро бодиққат хонанд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар мавриди риоя кардани он тавсияву маслиҳатҳо, ки дар буклету варақаҳо зикр шудаанд, муҳоҷирон метавонанд тану ҷони хешро пурра аз бемориҳо эмин нигоҳ доранд ва солиму бардам ба назди падару модар ва аҳли хонаводаи хеш баргарданд - гуфт Парвина Мухторова.