top of page

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД БАРОИ АҲОЛИИ КИШВАР

Дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ рӯзи дарҳои кушод доир гардид. Ин иқдом аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд. Чунончи Камолзод Мирҳамуддин муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ соли равон ба бемории депрессия нигаронида шудааст. Аз рӯи миқёси сабабҳои марг дар байни одамони синни 15- 29- сола баъди садамаҳои нақлиётӣ депрессия дар ҷои дуюм меистад.Мутобиқи омори тиббии имсола, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи одамони гирифтори бемории рӯҳӣ 49 ҳазор нафарро дар семоҳаи аввали соли 2017 ташкил дод.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, депрессия бештар вақт дар пайвастагӣ бо мушкилоти дигари саломатӣ ба вуҷуд омада, он аксаран ба худкушӣ оварда мерасонад. Дар рӯзи дарҳои кушод беш аз 100 нафар мутахассисони баландпояи соҳаи тиб ва устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сафарбар карда шуда, аҳолии пойтахт ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Дар ин рӯз 3 ҷарроҳии мураккаб ройгон гузаронида шуданд. Рӯзи дарҳои кушод дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ сурат гирифта, шаҳрвандон то соати 12:00 аз хизматрасонии ройгони тиббӣ истифода бурданд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page