top of page

Иқдоми «Дасти мадад» барои кумак ба беморони сил дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии автомобилӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, ки маблағи даромади он барои кумак ба шахсони гирифтори бемории сил дар Тоҷикистон сарф карда мешавад. Ин иқдом аз тарафи Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ва иштироки хайрхоҳонаи ҶДММ «Дасти мадад» пеш гирифта шуда, дар доираи лоиҳаи «Муттаҳидӣ баҳри боздошти сил» ва барномаи «Имкон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ барои бартараф кардани мушкилоти даври 7», ки Ҳамкории боздошти сил/ Stop TB Partnership (Женева) онро дастгирӣ менамояд, амалӣ карда шудааст. Саъдулло Саидалиев, намояндаи Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил зикр намуд, ки иқдоми пешгирифтаи имрӯза амали хайр мебошад.

«Бемории сил бемории иҷтимоиву тиббӣ буда, моро лозим меояд, ки дар ҳамбастагӣ бар зидди ин беморӣ мубориза барем. Бо ин мақсад диққати тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ ба ин самт равона шудааст», -иброз дошт Саъдулло Саидалиев. Ба гуфтаи номбурда, маблағе, ки дар фонди мадади беморон ҷамъ мегардад, барои хариди доруҳои иловагии зидди сил сарф мегардад.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page