top of page

ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА МАСЪАЛАИ ПЕШГИРӢ ВА НАЗОРАТИ БАЙНИСАРҲАДИИ БЕМОРИИ СИЛ МИЁНИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ҲУС


Намояндагони оҷонсиҳои давлатии тандурустӣ ва муҳоҷирати ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ваҚазоқистон барои иштирок дар ҷаласаи минтақавии гурӯҳи кории “Муҳоҷират ва бемории сил: назорати байнисарҳадии бемории сил дар Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд. Ҳадафи асосии ин форуми сатҳи минтақавӣ, ки ҳар се моҳ баргузор мегардад, баррасии пешравиҳо дар самти баанҷом расонидани созишномаҳо ва механизмҳои ҳамкории минтақавӣ оид ба ташхис ва табобати бемории сил ва додани маълумоти пеш аз сафар бароимуҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ин ба беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва некӯаҳволии муҳоҷирон тавассути дастрасӣ бахизматрасониҳои босифати зиддисилӣ оварда мерасонад

Аз соли 2015 сар карда ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон,Тоҷикистон ва Узбекистон, Лоиҳаи HOPE бо дастгирии Хазинаи глобалӣ оид бамубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), сил ва вараҷа ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҷиҳати беҳтарнамудани назорати байнисарҳадии бемории сил, пешгирӣ ва муолиҷаи он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ вохӯриҳои доимӣмегузаронанд. Мулоқоти гурӯҳи кории минтақавӣ дар Душанбе идомаи вохӯрии дуввуми сатҳи баланд, ки дар шаҳри Остона дар санаи 2 - 3 декабри 2016 баргузор гардида буд, мебошад. Дар он вохӯрӣ иштирокчиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нақшаи кории 12 моҳаи ҳамоҳангии назорати бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва иҷроиши созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар масъалаи назорати байнисарҳадии бемории сил, пешгирӣ вамуолиҷаи он байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз минтақаи Осиёи Марказиро, мутобиқ гардониданд.

Созишномаҳои дуҷониба бо дарназардошти бастаи ҳаддиақали назорат ва муолиҷаи байнисарҳадии бемории сил дар минтақаи аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), ки тавассути баёнияи ҳусни тафоҳуми конфронси Воулфезеи ТУТ таҳия гаштааст, омода мегарданд Ин баёния чаҳорстандарти ҳаддиақал оид ба идоракунии бемории сил, маблағгузорӣ, табодули маълумот байни давлатҳо, пешгирӣ, ташхис, табобат, паҳншавӣ вамониторинг, ҳамчунин фароҳам овардани шароити муносиб барои назорати бемории силро, дар бар мегирад. Вохӯрии Душанбе, мисли дигар вохӯриҳои қаблӣ, ки аз соли 2015 баргузор мегарданд, ӯҳдадориҳои бесобиқаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣҳаллу фасли мушкилоти сатҳи баланди паҳншавии бемории сил дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла байни муҳоҷирони меҳнатиро дар бар мегирад. Муҳоҷирони меҳнатӣ махсусан зери хатари гирифтории ин беморӣ мебошанд ва табобати он аз сабаби зуд – зуд сафар кардан, мушкилоти иҷтимоӣ вадастрасии маҳдуд ба ташхиси саривақтии бемории сил ва табобат дар кишвари будубош, табобатро мушкил мегардонад. Муҳоҷират аз Осиёи Марказӣва муҳоҷирати дохилии байни ин кишварҳо яке аз роҳҳои пахншавии бемории сил мебошад ва боиси инкишофи шаклҳои мутобиқгаштаи ин беморӣ дарминтақа мегардад.

Вохӯрии мазкур бо дастгирии Хазинаи глобалӣ, USAID ва Лоиҳаи HOPE - ташкилоти байналмилалии ғайридавлатӣ ва башардӯстона, ки барномаҳоитандурустӣ ва маърифатиро дар байни аҳолии саросари ҷаҳон амалӣ менамояд, баргузор гардид.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page