ИНЪИКОСИ БЕМОРИИ СИЛ ТАРИҚИ ВАО. САФАРИ ОМЎЗИШИИ РЎЗНОМАНИГОРОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА ҚАЗОҚИСТОН
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон семинарии омўзишӣ барои рўзноманигорон дар мавзўи «Инъикоси бемории сил миёни муҳоҷирони мењнатӣ тариқи ВАО» доир шуд. Дар ҳамоиш рўзноманигорон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Семинари мазкур аз ҷониби намояндагони Лоиҳаи ҲОУП дар Қазоқситон ва бо кумаки молиявии Фонди глобалӣ ташкил гардид.
Дар робита ба ҳамин мавзўъ Бахтиёр Бобомуродов, директори Лоиҳаи ҲОУП дар Қазоқситон дар суҳбат бо мо изҳор намуд, ки чорабинӣ бевосита ба назорати байнисарҳадии бемории сил миёни муҳоҷирони меҳнат рабт дорад. Ба таъкиди номбурда Лоиҳаи мазкур дар ин самт аз соли 2015 фаъолият дорад ва ба муваффақиятњои назаррас низ лоил шудааст. Танҳо дар соли 2015 дар доираи лоиҳа 1710 муҳоҷири меҳнатӣ аз ташхис гузаронида шуд, ки дар натиҷа 22 ҳолати гирифторшавӣ ба бемории сил ошкор гардид. Гуфта шуд ҳоло Созишнома оид ба назорати байнисарҳадии бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли таҳия қарор дорад. Дар сурати мавриди амал қарор гирифтани созишнома ба ташхису табобати саривақтӣ фаро гирифтани муҳоҷирон чандон осон мегардад ва ҳамзамон дар ин самт онҳо имконоти бештарро пайдо хоҳанд кард.
Айни замон Лоиҳаи ҲОУП дар Қазоқистон бо 45 маркази саломатӣ дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил ҳамкории зич дорад. Ғайр аз ин, бо мақсади пешгирии беморїӣ ва дарёфти беморон беш аз 600 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кормандони тиб омўзонида шуда, фаъолияти муштарак мебаранд. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии муҳоҷирон аз ҷониби лоиҳа 160 ҳазор маводи иттилоотии гуногун таҳия ва дар байни муҳоҷирон паҳн карда шудааст.
Ташкилоти ҷамъиятии «Забота» дар масъалаи пешгирӣ ва табобати саривақтии сил яке аз шарикони боэътимоди лоиҳа маҳсуб мешавад. Мутахассисони он дар њамкорӣ бо Лоиҳаи ҲОУП дар арафаи таљлили Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил дар бозори «Болашақ»-и шаҳри Алмаато аксия-чорабинии иттилоотиро доир намуданд. Фаъолони ташкилоти ҷамъиятӣ дар баробари гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамчунин муҳоҷиронро барои гузаштани ташхис ҷалб менамоянд.
Дар идомаи сафар бо чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки он ҷо кору зиндагӣ мекунанд, ҳамсуҳбат шудем. Саволу ҷавоби мо бо муҳоҷирон бештар атрофи бемории сил буд. Аз посухҳои онҳо ба чунин хулоса омадем, ки ба қадри имкон дар бораи сил маълумоти кофӣ доранд. Дар бозори «Болашақ» тоҷикон ба тиҷорат машғул буда, аз ҳамин шуғл маблағ ба даст меоранд. Ҳамватанони бурунмарзии мо изҳор намудаанд, ки онҳо дар Қазоқистон нисбат ба дигар намуди фаъолият, бахусус корҳои сохтмонӣ, зиёдтар ба хариду фурўши молу коло майл доранд. Дар мусоҳиба иброз намуданд, ки ба саломатии худ эътибор медиҳанд ва дар ҳолати зарурат аз муоинаву ташхиси бемориҳо мегузаранд.