ДАР МУБОРИЗА БО СИЛ МУТТАҲИД МЕШАВЕМ!
14 апрели соли 2017 дар маркази Вефа чорабинӣ бахшида ба рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ ваколатдори муваққатии корҳои ИМА Лесли Ҳайден ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор пешравии назаррасро, ки Тоҷикистон ба он дар назорати бемории сил дар ҷумҳурӣ ноил гардидааст, қайд намуданд. Ҳамзамон онҳо эътироф намуданд, ки бемории сил ҳоло ҳам ҳамчун масъалаи доғи рўз боқӣ мондааст. Дар Тоҷикистон то ҳанўз сатҳи хеле баланди паҳншавии бемории сили ба доруҳо тобовар мушоҳида мешавад ва ин тамоюл мушкилоти ҷиддиро барои назорати он эҷод менамояд.
Ҳангоми ҷашни Рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи сил ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии ҷумҳурӣ дар бораи бемории мазкур Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони миллӣ бори дигар ўҳдадориҳои худро ҷиҳати бомуваффақият амалӣ намудани Стратегияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба маҳв кардани сил тасдиқ намуданд. Дар стратегияи мазкур аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват карда мешавад, ки баҳри ҷустуҷў, табобат ва шифо бахшидан ба ҳамаи гирифторони бемории сил ва суръат бахшидан ба мақсади шӯҳратпараст баҳри аз байн бурдани бемории сил то соли 2035 саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар чорабинии мазкур як қатор ходимони давлатӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва тақрибан 500 узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҷавонон, бо ҳам ҷамъ омаданд, то ки таваҷҷўҳи ҳамагонро ба пешгирии бемории сил ва тарғиби ҳаёти солим ҷалб кунанд. Дар рафти чорабинӣ 20 табиб ва ҳамшираи шафқати муассисаҳои тиббӣ аз саросари ҷумҳурӣ барои саҳми арзандаи худ дар мубориза алайҳи сил гузоштан сазовори эътироф гардиданд. Чорабинии мазкур ҳамчунин ба сифати форум барои табодули эълонҳои тарғиботии иҷтимоӣ хизмат намудааст. Қобили зикр аст, ки эълонҳои мазкур дар чорчубаи Барномаи USAID оид ба назорати бемории сил омода гардиданд ва дар онҳо оид ба аҳамияти пешгирии сил, коҳиш додани стигма ва табъиз нисбати гирифторони ин беморӣ гуфта мешавад. Дар давоми моҳҳои март ва апрел USAID ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи бемории сил, маъракаи миллӣ гузаронида истодаанд. Як силсила чорабиниҳо, бахшида ба рўзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи сил, дар беморхонаи Мачитон ва беморхонаи Дегмойи вилояти Суғд ва барои донишҷўён дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Илова бар ин, дар ҳамаи ҳашт гўшаи амрикоӣ, ки дар саросари ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, аз ҷониби Барномаи USAID оид ба назорати бемории сил якчанд презентатсияҳо пешкаш гардид. Ҳадаф аз татбиқи Барномаи USAID оиди назорати бемории сил коҳиш додани гаронии ин беморӣ ва пешгирии вусъатёбии сили ба доруворӣ тобовар дар Тоҷикистон бо роҳи тақвияти стратегияи миллӣ; беҳтаргардонии дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷа; дастгирии низоми марказонидашудаи нигоҳубини беморон; ва таҳкими зарфияти лабораторияҳо ва низоми тандурустӣ дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва водии Рашт мебошад. Кўмаки ҳарсолаи USAID ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ба ҳисоби миёна 30 миллион долларро ташкил мекунад, ки тақрибан 30% ин маблағ ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад.