Ҳаётро дар хатар нагузор, суръатро паст намо!
Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бахшида ба «Ҳафтаи чоруми глобалии бехатарии ҳаракати нақлиёт» нишасти матбуоти барои кормандони ВАО баргузор гардид.
Дар нишашт намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва «Маркази љумњуриявии ташаккули тарзи њаёти солим» иштирок намуданд.
Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба осебшиносӣ-радодӣ, профессор Абдувалӣ Раззоқов дар ҷамъомад вобаста ба оқибатҳои садамаҳои нақлиётӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки ҳар сол дар миқёси ҷаҳон 5 миллион нафар дар натиҷаи осебҳо мефавтанд, ки аз ин 1 миллион ба садамаҳои нақлиётӣ рост меояд, яъне дар ҳар шаш сония як кас вафот мекунад.
«Дар ҷумҳурӣ ҳамасола то 200 ҳазор нафар осебҳои умумӣ мебардоранд, ки аз он 420-490 нафарашон мефавтанд. Ҳамчунин дар қиёс бо кишварҳои пешрафта, ки рақами ягонаи қабули ҳодисаҳои фавқулодаро доранд, бигзор дар Тоҷикистон низ чунин рақам ҷорӣ карда шавад»,- баён дошт А. Раззоқов.
Дар нишаст зикр карда шуд, ки «баъд аз насби камераҳои назоратӣ садамаҳои нақлиётӣ то 20 фоиз кам шудаанд. Дар соли 2016 бар асари 1326 садамаи нақлиётӣ 427 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 1419 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Нисбат ба соли 2015 шумораи садамаҳо 149 адад (10,1%), ҳалокшудагон 22 нафар (ё 4,9%) ва маҷрӯҳшудагон 157 нафар (10,0%) кам шудааст».