Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва USAID мавзӯи пешгирӣ ва табобати бемории силро байни занон баррасӣ м
Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) тариқи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешгирӣ ва табобати бемории сил байни занонро дар як мизи муддавар муҳокима намуданд. Дар ин мизи мудаввар намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии USAID, Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар ҳамоиши мазкур, иштироккунандагон тадбирҳо оид ба дарёфт ва пешгирии бемории сил байни занони Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Бо мусоидати USAID, аз соли 2016 инҷониб дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” як қатор чорабиниҳо ба монанди «Рӯзи дарҳои кушод барои занон»-ро дар минтақаҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт гузаронидаанд, ки ҳадаф аз он огоҳӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ, аломатҳова табобати бемории сил ба шумор меравад. Чунин барномаҳои махсус тариқи ихтиёриён ба хотири ҷалби занон ба мавзӯи бемории сил равона карда шуда дарёфти беҳтар ва табобати бемории силро, фароҳам меоранд. Дар натиҷаи чорабиниҳои мазкур зиёда аз 5000 нафар зан маълумоти зарурӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории силро гирифтанд ва беш аз 1200 занони минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки аломатҳои бемории силро доштанд ба ташхиси минбаъда равона карда шуданд ва 26 ҳолати нави бемории сил дарёфт шуд, ки ба табобат фаро гирифта шуданд. Дар рӯзҳои наздик, чорабинии « Рӯзи дарҳои кушод» дар деҳоти дурдасти ноҳияи Рашт баргузор мешавад, ки он барои баланд бардоштани огоҳӣ оид ба бемории сил дар сатҳи маҳал ва дастгирии муасисаҳои тиббӣ дар ноҳияи Рашт равона шудааст. Иштирокчиёни мизи мудаввар тавофуқнома оид ба беҳтар ва дастрас намудани хизматрасониҳои бемории сил ва амалигардонии талаботҳо тариқи тадбирҳои муштарак
байни шарикон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои беҳтар намудани сатҳи огоҳӣ, пешгирӣ ва аломатҳои нави бемории сил, сафарбаркунии дастгирии иҷтимоӣ ба беморони сил ва аҳли оилаи онҳо мебошад, қабул намуданд. Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ба коҳиш додани сатҳи бемории сил ва паҳншавии бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон равона гаштааст. Фаъолияти барнома ба такмили раванди таҳияи сиёсати миллӣ, беҳтар сохтани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва дармон, дастгирии низоми табобати ба мизоҷон нигаронидашуда, ҳамчунин таҳкими озмоишгоҳҳо ва дигар сохторҳои низоми тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Водии Рашт равона гаштааст. Барномаи мазкур, ки буҷааш тахминан $ 13,2 млн. буда, барои 5 сол таҳия шудааст, яке аз намунаҳои дигари кӯмаки ҳукумати ИМА дар самти беҳбудсозии сиҳатии мардуми Тоҷикистон мебошад. Алҳол, кӯмакҳои бебозгашти USAID ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30 миллион доллар дар як солро ташкил мекунанд, ки 30 % он ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад. Дар давоми соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатии тарафайнро ҷашн мегиранд.