top of page

Аз 15 то 26 май рўзњои миллии иммунизатсия гузаронида мешавад!

Дар маркази «VEFA»-и шаҳри Душанбе оид ба рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сухча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Солимии кӯдакон вазифаи аввалиндараҷаи калонсолон аст» ҳамоиш баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мутахассисони соҳаи тандурустӣ, директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳо ва вилоятњо намояндагони Кумитаи талевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Взорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ва Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.


Мирҳамудин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки тайи 10 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иммунизатсия пешравиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол қабл ҳамчун кишвари озод аз бемории сурхча арзёбӣ гардида буд ва ҳодисаҳои гирифтории бемории сурхча ба қайд гирифта намешуданд. Вале аз соли 2016 то имрӯз бақайдгирии ин беморӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида расиданд. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, инчунин дастгирии шарикони рушд, хусусан хазинаи кӯдакони СММ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 15 то 26 майи соли равон рӯзҳои иловагии эмгузаронӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон доир мекунанд»,- иброз дошт Мирҳамудин Камолзода.



Парвина Мухторова директори МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директорони Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояту шаҳрњо дастуру супоришҳо дода зикр намуданд, ки оид ба рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сухча ва гулафшон дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳи гузаронанд ва аз натиҷаи он ҳар рўз ба Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим маълумот диҳанд.

Ҳамчунин Боир Шомуддинов, мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» илова намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳо қарор додааст, ки бемориҳои сурхча ва гулафшонро дар қаламрави худ комилан барҳам диҳад. Бинобар ин, ҳар як кӯдаки аз 1 то 9-сола бояд дар давоми Рӯзҳои миллии эмгузаронии иловагӣ ҳатман ба иммунизатсия фаро гирифта шавад.



Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page