Чорабиниҳои фаҳмондадиҳи дар вилояти Суғд
Аз 21 то 26 майи соли равон бо ташаббуси Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгириву роҳҳои муолиҷаи маризиҳои мухталиф, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим баргузор гардид. Дар ин рӯзҳо аз тарафи марказ дӯкони саломатӣ ва дӯкони саломатии сайёр ташкил карда шуда, ба ҷавонон маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сил, сурхча ва гулафшон, тамокукашӣ ва нашъамандӣ тақсим карда шуда, бо воситаи баландгӯяки нақлиёти марказ оид ба фоидаи варзиш, ҳафтаи имунизатсияи иловагӣ, зарари тамоку ва оқибатҳои нашъамандӣ маълумот дода шуд. Инчунин дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ситоди вилоятӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, прократура, Раёсати тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилоят оид масъалаҳои фавти модару кӯдак, маъюбӣ ва бемории шадиди рӯдаю меъда баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мушкилот ва пайёмадҳои фавти модару кӯдак, маъюбӣ ва бемории шадиди рӯдаю меъда ва роҳу усулҳои аз байн бурдани проблемаи дар соҳа вуҷуд дошта мавриди таҳлилу баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд, -зикр намуд манбаъ.