top of page

Тамоку таҳдид ба зиндагӣ!


Имрӯз бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бо тамокукашӣ» нишасти матбуотӣ тати шиори «Тамоку-таҳдид ба рушди инсон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, роҳбари гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Саидҷон, Игрор Поканевич директори Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, Илҳом Ҳабибов иҷрокунандаи директории Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон, Алексей Шабашов намояндаи Вазорати тандурустии Федерасия Руссия инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштикор намуданд.

Мақсади чорабинӣ пешгирии беморшавии аҳолӣ, инъикос ва оммавӣ гардонидани зарари маҳсулоти тамоку ба ҷисми инсон ва тарғиби ҳаёти солим мебошад.

Бино ба гуфтаи сардори намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Игор Поканевич, Конвенсияи амсилавии ТУТ оид ба муборизаи зидди тамоку таи солҳои тулонист, ки фаъолият менамояд ва дар 50 мамлакати аврупоӣ тасдиқи худро ёфтааст. Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавии ТУТ ҳамроҳ гардид. Дар чорабини зикр гардид, ки шахси тамокукаш на танҳо ба саломатии худ, балки наздиконаш низ таъсир хоҳад расонид. Таъсири тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд.

Дар мизи муддавар мутахассисони соҳа аз зиёд шудани истеъмолкунандагони тамоку аз ҳисоби насли наврас ва ҷавонон изҳори нигаронӣ намуданд; "тамоку дар метавонад сабаби зиёдшавии дараҷаи бемориҳои дилу рагҳо, дар давраҳои нисбатан баъдтари ҳаёт — бемориҳои саратонӣ (махсусан саратони шуш), инчунин зиёдшавии дараҷаи фавт аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ гардад"- гуфта шуда дар чорабинии мазкур.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мутахасисони соҳаи тиб аз истеъмоли тамоку миёни бонувон дар ташвиш афдодаанд. Гуфта мешавад наздики 90% заноне, ки ба истеъмоли тамоку сару кор доранд ҳатто дар овони ҳомиладорӣ аз ин амали номатлуб даст намекашанд. Таъсири тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд. Он дар синни ширмакӣ метавонад сабаби синдроми марги ногаҳонии навзод гардад. Дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ таъсири тамоку метавонад сабаби халалдоршавии ҷиддии саломатӣ ва маъюбшавӣ дар натиҷаи бемориҳои респираторӣ гардад.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола дар ҷаҳон аз истеъмоли тамоку қариб 6 млн нафар ба ҳалокат мерасонад, ки ин дар маҷмӯъ назар ба фавт аз ВНМО, сил ва вараҷа зиёдтар аст. Аз рӯи таҳлилҳо агар дар ин самт чораҳои фаврию якҷоя андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 8 млн нафар зиёдтар гардад.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page