«Корванисаломатӣ» сокинони ноҳияи Раштро бо хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор намуд
Санаи 01 июли соли равон бо мақсади таъмин исатҳи сиҳатии сокинон ва эмин нигоҳдоштани онҳо аз гирифтор шавӣ ба маризиву бемориҳои мухталиф «Корвонисаломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ваҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рашт сафарбаргардид.
Зимни баргузории чорабинии солимгардонии маркуз бо ҷалби зиёда аз 36 нафар мутахассисони ботаҷрибаи соҳавӣ мардуми маҳаллӣ аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд. Маслиҳату машварат ва ташхисҳои мутахассисони баландпояи муассисаҳои ташхисиву табобатии чумҳуриявиро сокинони маҳаллӣ ба хубӣ пазируфтанд. Дар баробари ин табибони маҳаллӣ низ имкон пайдо карданд, то аз таҷрибаи бои ҳам пеша гонуустодонихеш, ки дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунанд, баҳраман дгарданд.
Дар “Корвонисаломатӣ” 1526 нафар сокинон аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бар хурдоргардида 11 нафар беморониниёзманд аз ҷониби мутахасcисони бо таҷриба ҷарроҳӣ карда шуданд.
Бомақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур мутахассисони “Корвонисаломатӣ” бодастгоҳу лавозимоти муосири соҳавӣ аз қабили; дастгоҳҳои ташхисифаросавтӣ, дастгоҳҳои сабти баркии дил, дастгоҳҳои дарунни гарӣ, наклиёти сайёри флюорографӣ, тестҳо барои ташхиси ВНМО, деабети қанд ва клиникаи мобилӣ таъмин карда шуданд.