top of page

Пурсишҳо ва посухҳо оид ба бемории сил


Сил дар ақсои олам паҳн шудааст, аз ин дард дар рўйи замин миллионҳо одамон дарду ранҷ мекашанд.

Гуфтем, ки лоғарӣ аз нишонаҳои умумӣ ва асосии бемориии сил мебошад. Чаро кас лоғар, яъне хароб мешавад, вазнаш кам мегардад, ин натиљаи чист?

Чунин ҳолат натиҷаи заҳролудии бадан аз микробҳои сил, якбора шидат ёфтани мубодилаи моддаҳо ва беиштиҳоӣ мебошад. Лоғариро маъмулан аломати ављи бемории сил медонанд. Ба ҳамин маънӣ ҳар як нишонаи сил сабабу натиҷаи худро дорад.

дар илми силшиносӣ

1.Сил чӣ гуна беморӣ мебошад?

--СИЛ -бемории сироятӣ, яъне гузаранда мебошад. Боиси осеби шуш ва баъзан дигар узвҳои бадан мегардад. Сил аз қадимулайём вуҷуд дорад ва ба инсон маълум аст.

2.Сарчашма, манбаи пайдоиши сил аз куҷост?

--Сарчашмаи сироят шахси бемор мебошанд. Аз ҳама манбаи хавфноктарин беморе мебошад, ки микроб хориҷ мекунад. Ингуна беморон дар як шабонарўз беш аз миллиард адад микроб хориҷ мекунад ва агар микроб бо балғам хориҷ шавад, атрофиён зуд сироят меёбанд. Барангезанда, бавуҷудоварандаи бемориро микобактерия ё худ чўбчамикроби Кох меноманд.

3.Сил бо кадом роҳҳо сироят меёбад?

-- Роҳи асосии сирояти сил ҳавоӣ мебошад. Микробҳои сил дар вақти гап задан, сулфидан, атса задан бо қатраҳои балғам ва оби даҳони шахси бемор ба масофаи то 1,5-2 метр ба муҳити атроф паҳн мешванд. Шахси солим аз ин ҳаво, яъне аз ҳавои олудаи микроб нафас кашида сироят меёбад, ба ифодаи дигар, бактерияҳои сил аз шахси бемори сили шадиди шуш ба одами солим ба воситаи роҳҳои нафас мегузаранд.

Роҳи дуюм -сирояти ғизоӣ мебошад. Ҳангоми аз як зарф хўрок хўрдани шахси солим бо бемори сил имкон дорад, ки сил сироят ёбад.

Роҳи сеюм –сили модарзод аст. Баъзе кўдаконе, ки аз модари гирифтори бемори сили пошхўрда ба дунё меоянд, дар батни модар ё ҳангоми таваллуд аз сил сироят ёфтанашон мумкин аст.

Роҳи чорумро –сили тамосӣ гуфтаанд. Ин гуфта маънии онро дорад, ки микробҳои сил ба ин ё он ҷойи пўсти захмдор афтида, касро ба сил мубтало сохтанашон мумкин мебошад. Аммо ин намуди сироят басо кам дучор меояд, зеро пўст хосияти баланди бактериякушї дорад.

4.Аломату нишонаҳои бемории сил кадомҳоянд?

Аломату нишонаҳои бемории силро ба умумӣ ва ҷузъӣ ҷудо кардаанд. Нишонаҳои умумӣ инҳоянд:

  • бемадорї;

  • хастагии рўз ба рўз афзоянда;

  • халал ёфтани хоб

  • лоғарӣ ё худ камшавии вазни бадан;

  • шабонгоҳ арақ кардан, ҳатто ҳаво сард бошад ҳам;

  • таби на он қадар баланд (то 37,9 дараҷа).

Нишонаҳои ҷузъӣ:

  • сулфаи зиёда аз ду ҳафта бо хориҷкунии балғам;

  • дарди қафаси сина.

Инро ҳам бояд донист, ки сил бидуни ҳеч аломати хосса низ метавонад касро ба «дом»-и худ афтонад. Одатан, дар ин ҳолат нафари мавриди «ҳамла» дар ибтидо худро бемор эҳсос намекунад, аммо тадриљҷан нерў ва қувватро аз даст медиҳад, баъдтар беиштиҳоӣ, дамкўтоҳӣ, шабонгоҳ арақкунӣ пайдо мегардад, инчунин таби на он қадар баланд --пагоҳи табби муътадил, бегоҳӣ то 37-37,5 дараҷа, дар аввал сулфаи хушк, баъд бо балғам мушоҳида мешавад.

5.Дар мавриди мушоњида намудани аломату нишонањои бемории сил чӣ кор бояд кард?

--Бе таъхир, ҳатман ба муассисаи тиббии наздиктарини муроҷиат бояд намуд. Баъд аз пурсуҷўву сўҳбат, вобаста ба шароиту имконият амал карда хоҳад шуд: дар шаҳрҳо ва марказҳои ноияҳо шахси бемор дарҳол аз ташхис мегузарад. Сокинони деҳот вабаста ба шароит ё дар ҷойи истиқомат ва ё дар маркази ноҳия аз ташхис хоҳанд гузашт.

6.Ба бемории сил гирифтор шудан ё нашуданро чӣ тавр дақиқ муайян мекунанд?

--Барои дақиқ муайян намудани сил шахси бемор 3 маротиба балғам месупорад. Намунаи аввали балғам дар мавриди бори якум ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан, намунаи дуюм- саҳари рўзи дигар, баъд аз шустани дасту рўй, намунаи сеюм-дар беморхона, баъд аз гирифтани натиҷаи намунаи дуюм супорида мешавад. Балғамро дар озмоишгоҳ (лаборатория) аз санҷиши микроскопӣ мегузаронанд.

7.Барои чӣ маҳз балғам санҷида мешавад?

--Санҷиши балғам яке аз роҳҳои беҳтарин, дақиқ муайян сохтани беморӣ ва ройгон мебошад. Дар балғам дарёфт кардани бактерияҳо-микробҳои сил осон аст. Агар микобактерияҳои сил ошкор карда шаванд, ин маънои онро дорад, ки бемор дар баданаш шакли гузарандаи силро дорад.

ТАВАҶҶУҲ: ташхиси балғам ройгон/бепул мебошад!

8.Сироят ёфтан оё маънии мубтало шудан ба бемории силро дорад ё не?

--Не, на ҳама сироятёфтагон ба бемории сил мубтало мешаванд. Агар одам ҳавои олудаи бактерияҳои силро нафас кашад, метавонад аз сил сироят ёбад. Ин гуфта маънои онро дорад, ки бадани инсон дорои намудҳои камҳаракат ва карахти бактерияҳои бемории сил мебошад. Чунин намуди бактерияҳо бемории силро ба вуҷуд намеоранд, одами сироятёфта микробҳои касалиоварро хориҷ намекунад ва атрофиён сироят намеёбанд. Микробҳо муддати дароз дар бадан «дар ҳолати хоб» зиндагӣ карда метавонанд, вале на ҳамеша бемориро ба вуҷуд меоранд. Ин ҳолатро «сироятёбӣ» мегўянд. Муҳаққиқони соҳа ёдрас мекунанд, ки беш аз 1/3 қисми аҳолии рўйи Замин аз барангезандаҳои сил сироят меёбанд, вале дар тўли ҳаёт танҳо 5-10 дар сад аз ин беморӣ ранҷу азоб мекашанд. Ба тарзи дигар ифода намоем, аз 100 нафар мумкин аст 5-10 нафар ба бемории сил мубтало шавад.

Таъкидан ёдрас менамоем, ки шахси сироятёфта ҳоло бемори сил нест. Шахси бемор касест, ки дар ў аломату нишонаҳои бемории сил ошкор шудаанд.

9.Як нафар бемори хориҷкунандаи микробҳои сил дар давоми сол чанд нафарро метавонад сироят намояд?

--Мувофиқи омўзиши мутахассисон як нафар бемори хориҷкунандаи сил дар давоми сол метавонад 10-15 нафар наздикон ва ҳамнишинони худро сироят намояд.

10.Оё мешавад, ки «бактерияҳои дар ҳолати хоб буда» баъд аз чандин сол «бедор» шуда, одамро ба сил гирифтор намоянд?

--Эҳтимол дорад. Агар шахси сирояёфта сусту нотавон, масуният/иммунитети баданаш заиф гашта бошад, бактерияҳои хобрафта шояд фаъол шаванд.

11. Сироят ёфтан ё наёфтанро муайян намудан имкон дорад ё не?

--Имкон дорад. Онро озмоиши Манту мегўянд. Ин санҷиш маҳз барои муайян намудани шахсони сироятёфта ба амал оварда мешавад. Маҳлули махсусро ба мавзеи орин равон мекунанд, ки он то муддати 3 шабонарўз дар бадан таассур/реаксияро ба вуҷуд меорад. Ин намуди санҷиш танҳо ва танҳо барои муайян кардани сироятнок будан ва ё набудани шахси тадқиқшаванда гузаронида мешавад. Агар натиҷаи санҷиш «мусбат» барояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бадани инсон бактерияҳои сил вуҷуд доранд, вале дар ҳолати «хоб», ғайрифаъол мебошанд. Дар чунин мавридҳо аксаран кўдакони сироятёфта бо мақсади пешгирии сил аз табобати махсуси кимёвӣ гузаронида мешаванд.

12.Кадом узви бадан аз ҳама бештар ба сил гирифтор мешавад?

--Аз ҳама бештар шушҳо ба бемории сил гирифтор мешаванд. Мувофиқи маълумотҳо аз шумораи умумии беморони сил 80-85 дар садро (фоизро) беморони сили шуш ташкил медињад. Микробҳои сил ба роҳи нафаси одами солим ворид гардида, баъд ба шуш мегузаранд. Вале пеш аз шуш гузаштан дар роҳҳои нафаскашӣ ба чандин монеаҳо дучор омада, қисман маҳв мешаванд. Микробҳои боқимонда ба бофтаҳои шуш дохил шуда, дар ҳубобчаҳои шуш афзоиш меёбанд, аз худ заҳр ҷудо мекунанд, ҳатто дар шуш шикофиҳо ба вуҷуд меоранд. Дар вақти дар шуш пайдо шудани шикофӣ бемор бо балам микробҳои силро берун мебарорад ва атрофиёнро сироят мекунонад.

13.Оё сили шуш аломатҳои хоси худро дорад?

--Бале, дорад. Он аломатҳо инҳоянд:

  • Сулфаи беш аз 2-3 ҳафта бо хориҷкунии балғам, баъзан бо хун;

  • Дард дар қафаси сина.

14.Аз либос ва дигар ашёҳои бемори сили шадиди шуш ба сил гирифтор шудан мумкин аст ё не?

--Аз либос ва дигар ашёҳои бемори сили шадиди шуш: либосҳо, сачоќ, рўймолча, зарфҳо, китоб сироят ёфтан мумкин аст. Хеле кам бошад ҳам, ҳангоми вохўрӣ кардан ва бўсидан низ эҳтимоли сироятёбӣ мавҷуд мебошад.

15.Табобати бемории сил тақрибан чанд муддат давом мекунад?

--Табобати бемории сил аз 6 то 8 моҳ давом мекунад. Муҳлати табобатро ба ду давра ҷудо кардаанд:

  • давраи аввал--давраи табоботи шиддатнок аст. Дар давраи аввал шахси гирифтори сил дар беморхонаҳои зиддисилӣ бистарӣ мешавад ва табобат мегирад. Ин давра вобаста ба ҳолати бемор аз 2 то 4 моҳ идома меёбад. Миқдор ва муддати истифодаи доруҳоро табиб муайян менамояд. Бояд ёдрас намуд, ки шахси бемор баъди гирифтани давраи якум –давраи табобати шиддатнок барои атрофиён хавфнок нест, ҷараёни хориҷшавии бактерияҳо дар ў қатъ мегардад.

  • давраи дуюм-- давраи ёрирасон аст. Давраи дуюмро бемор дар ҷойи истиқомат зери назорати корманди тиб мегузаронад. Дар ин давра миқдори доруҳо камтар карда мешаванд, вале бемор ҳар рўз доруҳоро истифода мебарад.

16.Давраи дуюми табобат дар ҷойи истиқомат мегузарад. Шахси бемор дар ин давра чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад ва чӣ тавр рафтор намояд?

  • бемор бояд дарҳол ба маркази саломатӣ ва ё бунгоҳи тиббии ҷойи зист муроҷиат намуда, варақаи бемориро супорад;

  • қабули доруҳоро мувофиқи нишондод бетанаффус давом диҳад;

  • дар тамоми давраи табобат ба беморхона ва ё бунгоҳи тиббӣ ҳозир шавад

  • ба хўрду хўрок, гигиенаи шахсӣ эътибор диҳад;

  • дар ҳавои тоза бештар сайру гашт намояд, агар ҳаво гарм бошад, дар айвон ва ё дар хонаи тирезааш кушода бихобад, аз нурҳои офтоби саҳар ҳарчи зиёдтар баҳра барад.

17.Наздикони бемор дар ин давра чӣ корҳо бояд кунанд?

  • худро канор нагиранд, беморро ҳаматарафа дастгирӣ ва рўҳбаланд намоянд;

  • тартиби хўрдани доруҳо ва то охир табобат гирифтани беморро назорат намоянд;

  • фаҳмонанд, ўро дилпур созанд, ки пурра шифо меёбад ва кору зиндагиро ба таври муқаррарӣ идома хоҳад дод;

  • ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ эътибор диҳанд, аммо ин корҳоро намоишкорона накунанд, то ки ба бемор сахт нарасад, хотираш озурда нагардад, рўҳафтода нашавад. Бемор дигар барои атрофиён хавфнок нест.

  • барои дар ҳавои тоза, боғот, хонањои барҳаво истироҳат кардани бемор шароит муҳайё созанд. 18.Вазифаи кормандони тиб дар ин давра аз чӣ иборат аст?

--Вазифаи муҳимми кормандони тиб дар ин давра таъмини дорувориҳо ва назорати доимии истеъмоли доруҳо аз тарафи бемор мебошад. Одатан ин вазифа ба ўҳдаи як кормандони тиб гузошта мешавад.

19.Дар давраи дуюми табобат бемори сил метавонад ба корҳои ҷисмонӣ машғул шавад?

--Ин пеш аз ҳама ба ҳолати бемор вобаста мебошад. Ба корҳои сабук машғул шудан танҳо ба фоидаи саломатӣ хоҳад буд. Бисёр хуб мешуд, ки чуқур нафас кашиданро машқ намояд. Чунин машқ ба шушҳо қувват мебахшад ва ба пурра шифо ёфтани онҳо мусоидат намояд.

20.Чаро истеъмоли ҳамаи намудҳои доруҳои зидди сил дар давраи табобат барои беморон зуруру ҳатмӣ мебошад?

--Мунтазам, то охир аз рўйи нишондонди духтур истеъмол намудани доруҳо –роҳи ягонаи комилан шифо ёфатани бемори сил мебошад. Аз ин рў ҳатмӣ ва зарур дониста шудааст. Пас аз чанд муддат худро беҳтар ҳис кардани бемор ҳоло маънои надорад, ки ў пурра шифо ёфтааст. Бактерияҳо пурра нобуд нашудаанд, танҳо ҷараёни хориҷшавии микроб қатъ ёфтааст. Баракс, агар доруҳо мувофиқи нишондоди духтур истеъмол нашаванд, беморӣ имкон дорад шиддат ёбад, дар ҳолати вайрон намудани реҷаи муолиҷа бошад, хавфи он аст, ки беморӣ табобатнопазир гардад. Агар дар қабули доруҳо танаффус шавад, беморӣ метавонад шакли давомнокро гирад, агар зуд-зуд такрор гардад, муолиҷа бенатиҷа хоҳад монд.

ТАВАҶҶУҲ: ДОРУҲОИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ РОЙГОН МЕБОШАНД!

21.Маълум шуд, ки сироят ёфтан маънии мубтало шудан ба бемории силро надоштааст. Пас кињо ба сил бештар гирифтор мешаванд?

--Одамоне, ки масуният/иммунитети баданашон сусту заифу нотавон аст, ѓизои носолим мехўранд, камќуввату бемадоранд, дар шароити бади иљтимої њаёт ба сар мебаранд ва рўњафтодаю маъюс мебошанд, бештар ба «дом»-и бемории сил гирифтор мегарданд. Илова бар ин, сил ба наздикону атрофиёни шахси гирифтори сили шадид, мањбусон, заноне, ки фосилаи байни таваллудро риоя намекунанд, нафарони мубталои ВНМО (ВИЧ), майхорагону нашъамандон, муњољирони мењнатї, бекорон, одамони бесарпаноњ, кўдакони то 6-сола, ба одамоне, ки беморињои музмин/кўњна, монанди диабети ќанд, захми рўдаю меъда, саратон доранд ва дар минтаќањои аз нигоњи вазъи эпидемологии сил пурхавф кору зиндагї мекунанд, тањдид менамояд.

22.Бактерияњои сил дар куљоњо бештар «манзил» мекунанд?

--Бактерияњои сил дар хонањои зисти беморони сил, манзилњое, ки њавояшон вазнину камњаракат буда, соатњо дару тирезањоро намекушоянд ва њаворо тоза намекунанд, хонањое, ки офтоб намедарояд ва пуррутубат мебошанд, «манзил» мекунанд. С.П.Боткин гуфта буд, ки сил ќисмати сокинони тањхонањо мебошад. Бактерияњои сил инчунин дар хобгоњњои серодам, наќлиётњои мусофирбар, њабсхонањо ва умуман љойњои серодам соатњо давр мезананд. Табиист, дар чунин љойњо хавфи сироят хеле ва хеле зиёд хоњад буд.

23.Аз хонаводае, ки бемори сил ошкор шудааст, боз кињо бояд аз муоинаи тиббї гузаранд?

--Њамаи кўдакони то синни 14-сола ва калонсолон, ки дар як хона бо бемор зиндагї мекунанд, бояд аз муоинаи тиббї гузаранд. Зеро бинобар суст будани иммунитети бадан кўдакон зуд сироят ёфтанашон мумкин аст. Њамчунин шахсоне, ки зуд-зуд сулфа ва атса мезананд, бояд њатман балѓамро барои ташхис супоранд.

24.Барои чї «микобактерия» ва «чўбачамикроби Кох» мегўянд, инњо чї маънї доранд?

-- Маънии «микобактерия» -микробњои занбўруѓмонанд аст. «Чўбчамикроби Кох» аз номи донишманди олмонї Роберт Кох гирифта шудааст. Ў соли 1882 ангезандаи силро кашф намуд ва бо ин бозёфти хеш дар илми силшиносї гардиши азиме ба вуљуд овард. Кох бактерияи тозаи силро људо карда, дар таљриба нишон дод, ки он шакли чўбчаро дорад ва дар њамаи њуљайрањо љой мегирад. Ў бактерияњои силро дар мањлулњои махсус парвариш карда, бо роњи таљрибавї силро ба вуљуд овард. Роберт Кох баъд аз марг сазовори љоизаи Нобел гашт.

25.Бактерияњо ба бадан ворид шуда, ба ѓайр аз шуш боз ба кадом узвњо зарар мерасонад?

--Бактерияњо ба бадан ворид гашта, метавонанд ба узвњои гуногуни инсон, ба банду устухонњо, сутунмўњра, чашм, узвњои дарунї, ѓадудњо, гурда, пўст осеб расонад. Шумораи беморони ѓайришуш таќрибан аз 25 то 30 дар садро ташкил медињанд. Ба ѓайр аз сили шадиди шуш дигар намуди силњо, яъне сили банду буѓумњо, сутунмўњра ва ѓайра ба атрофиён хатаре надоранд.

26.Оё силњои ѓайришуш аломату нишонањои хоси худро доранд?

--Бале, доранд. Аломатњои бемории сил аз он вобата мебошанд, ки бактерияњои сил дар куљо љойгиранд ва ба кадом узв осеб расонидаанд. Масалан, агар сил дар сутунмўњра инкишоф ёбад, дар бемор њисси дарди сахти миён ва дигар шудани шакли сутунмўњра мушоњида мешавад. Аммо ба замми он, аломату нишонањои умумї низ зоњир мегарданд:

  • баландшавии њарорати бадан;

  • шабона араќ кардан;

  • лоѓарї ва камиштињої;

27.Микробњои сил то кадом дараља тобоваранд?

--Бояд гуфт, ки микробњои сил чандин намуд мешаванд, аз онњо 3 намудашон барои инсон зарароваранд. Ин микробњо бенињоят тобоваранд –онњоро хунукии беш аз 70 дарараља нобуд карда наметавонанд, дар мавриди хушконидани балѓам онњо то 3 моњ зинда мемонанд. Вале дар мавриди љўшонидани об пас аз ним соат нобуд мегарданд, ба нурњои офтоб низ тобовар нестанд.

Микробњои сил ќобилияти зисти худро дар љавњар (экстракт), ишќор, спирт, љойњои торику серрутубат ва ифлос муддати дароз нигоњ медоранд.

28.Наход бар зидди бемории сил ягон гуна дорую давое набошад, ки касро аз он њифзу њимоя намояд?

--Бар зидди бемории сил ваксина/эмгузаронии махсус мављуд аст, ки онро БСЖ (зидди касалии сил) меноманд. Онро соли 1919 донишмандони франсуз Калметт ва Герен пас аз 13 соли тадќиќу таљриба кашф намуданд ва ваксинаи БСЖ номиданд. БСЖ кўдаконро аз ду намуди бенињоят вазнини бемории сил –сили пардањои сар ва сили пошхўрдаи шадид њифз менамояд. Тифлон бори аввал дар рўзњои 3-5-уми таваллуд ба зидди сил эм гузаронида мешаванд. Мушоњидаи муњаќќиќони соња нишон медињад, ки кўдакони эмкардашуда ба бемории сил камтар гирифтор мешаванд, агар мабодо гирифтор шаванд њам, ба шаклњои вазнини касалї мубтало намешаванд ва онро сабук мегузаронанд Ба тифли аз модари гирифтори бемории сил ба дунё омада низ эмгузаронї (БСЖ) ба амал оварда мешавад, вале то ду њафта аз модар људо нигоњ доштан лозим, модар метавонад бо ниќоб ба тифл шир дињад. Мањлули БСЖ-ро то соли 1962 ба дањони тифли навзод мечаконданд, аз соли 1962 ба ќабати пўсти сари китф гузаронида мешавад.

29.Дар бораи шакли мутобиќгаштаи сил (ШМС) бисёр мегўянду бисёр менависанд. Мехостем онро ба таври содатар фањмонед?

--Дар њаќиќат, дар дањсолањои охир дар бораи шакли мутобиќгаштаи сил бисёр мегўянд, адабиётњо низ фаровонанд. Аммо табиист, ки маънии ин истилоњ ба мардуми аз тиббу табобат дур чандон мафњум нест. Маънии ин истилоњ чист? Мо дар боло аз микобактерияњои сил ё худ чўбчамикроби Кох, ки барангезанда, бавуљудорандаи бемори сил мебошанд, ёдрас шудем. Шакли мутобиќгаштаи сил –шакли махсуси бемории сил аст, ки ана њамин барангезандаи сил –микобактерия ба доруњои асосии зиддисилї тобовар мешавад, ба ифодаи дигар минбаъд доруњо ба љараёни беморї бетаъсир мегарданд, аз он баъд хўрдани он доруњо ба бемор фоидае намерасонанд.

30.Шояд мутобиќ шудани бадан ба доруњо ва бетаъсир гаштани онњо сабабњо дошта бошад?

--Албатта, бетаъсир шудани доруњо, одат кардани бадан бесабабу беасос нест. Ин љо сабабњо бисёранд, агар он сабабњоро омўзем, мебинем, ки ба аксарияти онњо мањз худи шахсони гирифтори сил гунањгоранд ва ин њам аз амиќан дарк накардани чї гуна беморї будани сил ва оќибатњои ногувори он сар мезанад. Чї тавр? Кам нестанд бемороне, ки бо эњсос кардани каме бењбудї гумон мекунанд, ки пурра шифо ёфтаанд, минбаъд ба рафти табобат бепарво мешаванд: доруњоро дар ваќташ намехўранд, ба таври худ аз истифодаи баъзе доруњо даст мекашанд, дар табобат танаффус мекунанд, ба як сухан, рељаи табобатро вайрон ва то ба охир намерасонанд. Ана њамин сабабњо боис мешаванд, ки одам ба шакли мутобиќгаштаи сил гирифтор шавад.

32.Оё аз бемори гирифтори шакли мутобиќгаштаи сил хавфи сироят ёфтан вуљуд дорад?

--Бале, вуљуд дорад. Шакли мутобиќгаштаи сил низ бо роњи њавої-чакраї сироят меёбад. Аломату нишонањои бемории ШМС низ монанд ба сили муќаррарї аст, ки онњоро ёдовар шудем (нигаред ба саволи 4). Бадиаш он аст, ки аз бемори шакли мутобиќгаштаи сил шахси сироятёфта мањз ба шакли мутобиќгаштаи бемории сил гирифтор мешавад ва лозим меояд, ки муддати дароз табобат гирад.

33.Тарзи табобати бемории ШМС чї гуна сурат мегирад?

--Табобати ШМС низ аз ду давра иборат аст –давраи табобати шиддатнок (фаъол) ва давраи табобати ёрирасон. Давраи табобати фаъол дар беморхонаи зиддисилї мегузарад, давомнокии табобат аз натиљаи кишти балѓами бемор вобаста мебошад. Маъмулан ин давра на камтар аз 8 моњ давом меёбад, яъне то ба даст омадани 4 натиљаи манфии кишти балѓам (њар як натиљаи манфии кишти балѓам дар давоми 2 моњ ба даст меояд). Давраи табобати ёрирасон дар љойи истиќомат мегузарад, муддати табобот на камтар аз 12 моњ, агар њолати бемор вазнинтар бошад, то 18 моњ давом мекунад. Танњо муддати табобат ШМС нисбат ба муддати табобати сили муќаррарї таќрибан як баробар зиёдтар аст. Ин муддати кам нест, аз он пеш аз њама бемор ранљу азоб мекашад, баъд наздикону пайвандон. Роњи ягонаи гирифтор нашудан ба ШМС бе каму кост иљро кардани нишондоди табибон ва то охир, пурра табобат намудани сили муќаррарї мебошад!

34. Маънии «кишти балѓам» чист?

--Њамон тавр ки дар боло таъкид шуд, санљиши балѓам роњи осон ва бењтарини ташхиси бемори сил мебошад. Шарњи содаи «кишти балѓам» он аст, ки дар њар 2 моњ аз бемор барои фањмидани натиљаи табобат санљиш балѓам мегиранд, онро дар шароити озмоишгоњ бо маводњои махсус кишт мекунанд ва натиљаи .Хат хонда нашуд. Пас аз он аз тањќиќи микроскопї мегузаронанд, сохт ва намуди микробњоро муайян мекунанд. Аз натиљаи тањќиќ њолати бемор, рафти љараёни табоботро муайян менамоянд. «Манфї» дар истилоњи тиб маънии бењбуд ёфтанро дорад.

35.Њангоми табобати ШМС чї душворињо пеш меоянд, то ки бемор онро донад ва ба табобат тайёр бошад?

--Аз эњтимол дур нест, ки аз доруњо њиссиёти ногувор ба амал ояд, яъне таъсири манфии доруњо эњсос гардад, аз љумла:

  • камшавии иштињо;

  • вайроншавии фаъолияти рўдањо;

  • халал ёфтани шунавої;

  • дарди буѓумњо;

  • харобии узвњои асаб, аз љумла бехобї.

Одатан таъсири манфии доруњо дар 2-3 њафтаи аввал мушоњида мегардад, баъзан дертар низ эњсос мешавад. Вазифаи бемор он аст, ки аз пайдо шудани чунин њолат дарњол табибро огоњ намояд, худсарона аз хўрдани доруњо даст накашад. Аз њама муњим босабру тањаммул бошад ва рўњафтода нагардад.

36.Оё ба зани гирифтори бемории сил њомила шудан ва таваллуд кардан мумкин аст?

--Фарзанди солим аз модари солим ба дунё меояд. Агар ташхис муайян кунад, ки зан, дар њаќиќат, мубтало ба сил аст, ба ў истифодаи доруњои пешгирикунандаи њомиладорї тавсия дода мешавад. Баъди гирифтани муњлати пурраи табобат, пас аз ташхису тадќиќ ва бовар њосил намудан, ки дигар бемории сил ба ў хавфу хатар надорад, њомила шудан ва таваллуд намудан мумкин аст. Вале боз бењтар мебуд, ки як муддати муайян аз беморї гузарад, бадан баъд аз касалї «ба худ ояд», то андозае бошад њам, ќуввату нерў ёбад, зеро сил дарди сабуку зудгузар нест, муддати дароз касро нороњату ранљур месозад, љисмро лоѓару бењолу бемадор мекунад.

37.Оё ба зани њомилаи гирифтори сил истифодаи доруњои зиддисилї мумкин аст?

--Бале мумкин аст, вале бемор бояд њамеша зери назорати табиби занон ва силшинос бошад.

38.Оё модари мубталои сили шуш метавонад тифли ширмаки худро дар давоми муолиља, њангоми ќабули доруњои зиддисилї макконад?

--Бењтар аст, ки модар дар давраи табобати шиддатнок, яъне дар даврае, ки љараёни микробхориљнамої хотима наёфтааст, кўдакро намаконад. Доруњои зиддисилї ба шири модар таъсири бад надоранд. Аммо, ба њар њол, тифл бояд њатман зери назорати духтур бошад. Ин љо донистан бисёр муњим аст, ки тифл мабодо пеш аз табобат гирифтани модар сироят наёфта бошад. Ин кор танњо ба хотири тансињатии кўдак мебошад. Зан бояд ба ќоидањои тозагии шахсї риоя кунад, дањону биниашро бо ниќоб мањкам намояд.

39.Модари гирифтори сили шуш метавонад тифлону кўдаконро навозишу мењрубонї намояд?

--Модари гирифтори сили шуш, ки дар ў љараёни хориљшавии микроб ќатъ нагардидааст, хубтар аст кўдакони то синни 7-соларо навозишу мењрубонї накунад, аз худ дур нигоњ дорад, чунки масуният/иммунитети бадани кўдакон сусту заиф мебошад. Онњо осон ба сил мубтало шуданашон мумкин аст. Ба кўдаконе, ки бо бемори сил дар як хона зиндагї мекунанд, дар фаслњои тирамоњу аввали бањор доруњои махсуси пешгирикунандаи сил додан ба фоидаи саломатии онњо хоњад буд.

40.Оё њангоми бемории сил бо њамсар њамхоба шудан мумкин аст?

--Бале, мумкин аст. Вале танњо баъди се-чор њафтаи истеъмоли бонизоми доруњои зиддисилї. Барои чї? Зеро дар ин муддат ихрољи микроб ќатъ мегардад, хавфи пањншавии барангезандаи сил аз баён меравад.

41.Чаро муњољирони мењнатї ба бемории сил гирифтор мешаванд?

--Сабаби ба бемории сил гирифтор шудани муњољирони мењнатї ба чанд омил вобаста аст. Пеш аз њама таъсири номусоиди шароити корї. Маълум аст, ки аксарияти муњољирони мењнатї дар сохтмон кор мекунанд. Сохтмон бе чангу ѓубор, наму рутубат, моддањои химиявї намешавад. Зери таъсири чунин шароит, ки мумкин аст моњњо ва солњо давом ёбад, љараёни кори шуш вайрон шуда, ќобилияти муњофизавии он ва умуман тамоми бадан паст мегардад. Дар чунин њолатњо чўбчамикроби сил ба бадан ворид гардида, дар шуш зуд инкишоф меёбад ва бемории силро ба вуљуд меорад. Омили дигар ба хўрду хўроки муњољирони мењнатї марбут аст. Боз њам бинобар набудани шароити мувофиќу муносиб, истеъмоли ѓизои носолим иммунитети бадан сусту заиф гашта, барои пайдо шудани бемории сил замина мешавад. Нињоят, маърифати тиббї надоштани муњољирони мењнатї, ба сињатии хеш бепарво будани онњост.

42.Оё муњољирони мењнатии гирифтори сил депортатсия карда мешаванд?

--Аввалан, ба шахсоне, ки дар онњо аломату нишонањои сил мушоњида мешавад, сафар кардан ба кишварњои хориља маслињат нест, агар сафар кунанд њам, дер ё зуд депортатсия хоњанд шуд. Мабодо дар муњољиарат ба сил гирифтор шаванд, дар сурати пардохтани харљи табобат дар њамон љо табобат карда мешаванд, дар акси њол ба љойи истиќомати доимї фиристода хоњанд шуд.

43.Беморони сил чї гуна ѓизо бояд истеъмол кунанд?

--Дар шифоёбии беморони сил дар баробари доруњо ѓизоњои босифат ањамияти калон доранд. Таркиби ѓизои беморон бояд аз сафеда бой бошад. Сафеда дар таркиби шир, гўшт, тухм, моњї форовон аст, бинобар ин хўрадни ин неъматњо ба тану љони бемор бисёр муфид хоњад буд. Њамчунин хўрадани чарбњои тезњалшавандаи дорои витамини А –равѓани маска, ќаймоќ, саршир ва чарбњои растанигї –(аз 1/3 њисса) маслињат дониста шудааст. Дар беморони сил њангоми ављи касалї хориљшавии барзиёди намакњои минералї--калий, калсий, фосфор, хлориди натрий ба вуљуд меояд. Барои барќарор кардани ин намакњо истеъмоли неъматњои аз ин моддањо бой- шир, панир, њар гуна кашањо, тухм, анљир, зардолуќоќ, мавиз, донагињо, мањсулоти гўштї ва моњї судманд мебошанд.

44.Табобати бемории сил то кадом дараља аз худи бемор вобаста аст?

--Муваффаќият ва натиљаи табобат, пеш аз њама ва беш аз њама, аз худи шахси бемор, аз дарки дурусти беморї, аз сабру тањаммул, рўњия ва иродаи ў вобаста мебошад. Ба замми ин, ў бояд донад ва иљро намояд:

  • фармудањои табибро бе каму кост иљро намояд, дар хўрдани доруњои таъиншуда ба ѓалат ва танаффус роњ надињад;

  • дар табобат танаффус накунад, табобатро пурра, то охир бигирад; бояд донад, ки бактерияњои сил танњо ба туфайли муолиљаи бетанаффус нобуд ва безарар мегарданд;

  • балѓамро фаќат дар туфдон туф кунанд;

45.Оё омилњои сиёсї ва иќтисодї ба зиёд ва ё кам шудани сил таъсир мерасонанд?

--Бале, таъсир мерасонанд. Беморї ва фавт аз сил дар айёми љангњо, бўњронњои иќтисодї ва офатњои табиї ављ мегиранд. Масалан, дар давраи Љанги Бузурги Ватанї вазъи иќтисодї ва сатњи зиндагї поин рафт, мардум моњњо, њатто солњо зери асорати фашистон монданд, њазорони дигар дар конслагерњо азобу ранљ кашиданд. Беморињои сироятї, аз љумла сил ављ гирифт ва њазорон-њазорро ба марг расонид. Њамин њолат кам бошад њам, дар давраи љанги шањрвандї дар Тољикистон ба амал омад. Нињодњои тиббї бинобар мухолифатњо фалаљ гаштанд, дар ин давра бемории сил ва дигар беморињои гузаранда якбора хурўљ ва ављ гирифтанд. Бо саъйю талоши Њукумати кишвар ва дастгирии шарикони хориљї дар як муддати кўтоњ сатњи пањншавии беморињои сироятї коњиш дода шуд.

46.Чаро гирифторони ВНМО (ВИЧ) зуд ба бемории сил мубтало мешаванд?

--Сабаб он аст, ки вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ќобилияти муњофзавии бадани инсонро, ки мухтасаран иммунитет меноманд, сусту заифу нотавон мекунад. Ваќте ки иммунитети бадан суст аст, бемории сил зуд сироят меёбад ва бошиддат ављ мегирад. Бинобар ин шахсони ба ВНМО сироятёфта ба гурўњи хавфи баланди гирифторшавї ба сил дохил мешаванд. Ин нуктаро њам ёдрас менамоем, ки дар чунин шахсон бемории сил метавонад ба таври ѓайримаъмулї, яъне бе пайдошавии аломату нишонањои беморї љараён ёбад. Аз њамин љост, ки ба ВНМО сироятёфтагон тавсия шудааст, ки дар як сол 2 маротиба њатман аз муоинаи рентгенї/флюрографии ќафаси сина гузаранд.

47.Барои он ки сироятёфтагони ВНМО камтар ба бемории сил гирифтор шаванд, чї гуна амал бояд кунанд?

  • Иммунитети баданро то њадди имкон таќвият дињанд;

  • Бикушанд, ки ба грипп ва дигар беморињо, ки иммунитети баданро заиф месозанд, гирифтор нашаванд;

  • Ѓизоњои солим, сервитамин истеъмол намоянд;

  • Барои бењтар кардани рўзгори босамар ва дароз кардани умр аз рўйи таъиноти мутахассисон мунтазам, то охири умр доруњои зиддиретровирусї бихўранд. Чунин доруњо ба шахсоне, ки ба табобат эњтиёљ доранд ба таври ройгон дода мешаванд.

48.Дар кадом маврид мо гуфта метавонем, ки бемории сил «мањв» шудааст?

--Агар сироятнокї дар байни кўдакони синни то 14-сола камтар аз 1 фоиз бошад, яъне аз 100 њазор кўдак 1000 нафар сироят ёфта бошад. Инчунин сатњи беморшавии ањолї камтар аз 20 нафар ба 100 њазор ањолї рост ояд. Ин меъёри мањви сил њисобида мешавад.

49.Омор аз чї шањодат медињад? Вазъи сил дар љањон дар кадом сатњу поя аст?

--Мувофиќи маълумоти Ташкилоти Умимиљањонии Тандурустї (ТУТ) њар сол дар љањон 8-9 миллион нафар ба бемории сил гирифтор мешавад. Мутобиќи нишондињандањои солњои охир шумораи беморони сил дар љањон ба 30 млн. расидааст. Њар сол аз ин беморї 1,5-2 млн нафар фавт мекунанд. Дар байни беморињои сирояткунанда сил чун сабаби фавт дар љойи аввал меистад.

50. Чиро бояд интизор шуд, бемории сил дар солњои наздик коњиш меёбад ва ё ављ мегирад?

--Аз рўйи пешгўйии коршиносони ТУТ дар тамоми љањон ављ гирифтани бемории сил ба мушоњида мерасад. Эњтимол дорад 90 млн. нафар одамон ба бемории сил гирифтор шуда, 30 млн. нафар фавтанд. Њолати вазнин алалхусус дар ду ќитъаи љањон –Аврупои Шарќї, аз љумла дар љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї ва љанубу шарќии Осиё дар назар дошта шудааст.

51.Оё муњити хонавода ба шифоёбии беморони сил мадад мерасонад?

--Бале, мадад мерасонад, бенињоят. Зикр шуд, ки табобати сил муддати тўлониро дарбар мегирад, ин барои бемор хастакунанда, дилгиркунанда мебошад, ў ба дастгирї, ба муњити гарми хонавода сахт эњтиёљ дорад. Бемор давраи дуюми табобат –давраи ёрирасонро зери назорати корманди тиб дар хона мегузаронад. Дар ин давра бисёр муњим аст, ки ањли хонавода худро аз бемор канор нагиранд, муњаббату самимиятро дареѓ надоранд, ўро рўњбаланд намоянд, дилпур созанд, ки, албатта, шифо хоњад ёфт;

52.Наздикон дар пешгирї ва табобати бемори сил чї сањм гузошта метавонанд?

  • Метавонанд бемори силро ошкор ва барои мурољиат кардан ба муассисаи тиббї ташвиќ намоянд ва ўро њамроњї кунанд;

  • Дар давраи бистарї буданаш аз њолаш тез-тез хабар гиранд, ба шифо ёфтанаш рўњбаланд намоянд;

  • Љараёни табобатро дар давраи ёрирасон назорат кунанд, то ки бемор рељаи хўрдани доруњоро вайрон накунад ва ё танаффус нанамояд;

  • Љойи хоб, сару либос, косаву табаќи хўрокхўрии беморро тозаву озода нигоњ доранд. Ба хўрду хўрокаш ањамияти калон дињанд, ѓизоњои босифат тайёр кунанд, бо меваю сабзавот таъмин намоянд;

  • Дар мавриди таѓйири њолати бемор, зиднишондоди доруњо дарњол корманди тибро огоњ намоянд;

  • Рахти хоб, сару либоси беморро тез-тез офтоб кунанд, офтоб бактерияњоро нобуд месозад.

53. Нисбат ба беморони сил аз тарафи наздикону атрофиён чї гуна иштибоњњо рўй доданаш мумкин аст?

--Дар баъзе оилањо нисбат ба беморони сил нофањмињо ба мушоњида мерасад, аз љумла:

  • зоњир накардани ѓамхорї, бо кароњат (дилнокашї) нигаристан ба бемор;

  • аз ањли оила људо намудани бемор, њатто, дар њолате ки ў барои атрофиён хавфнок набошад њам;

  • пас аз ќатъи хориљшавии микроб њам ниќоб пўшидан ва ба бемор низ ниќоб пўшондан;

  • људо кардани зарфњои алоњида барои бемор.

54.Иштибоњњои наздикон нисбат ба беморони сил, ба ифодаи дигар, поймол кардани њуќуќи онњо ба чї оќибатњо оварданаш мумкин аст?

  • дар беморон мумкин аст таѓйири њолати рўњї ба вуљуд ояд ва ба ѓамбеморї/депрессия гирифтор шаванд;

  • хоњиши табобат намудан коњиш ёбад;

  • имкон дорад умеду боварї ба шифоёбї ба яъсу ноумедї табдил ёбад;

  • депрессия, яъсу ноумедї боиси суст шудани масуният/иммунитети бадан мегардад, љисм ба беморї муќовимат карда наметавонад.

55.Мушоњида кардаем, аз хонадоне, ки кадом ваќте падар ё модар ба бемории сил гирифтор будаанд, арўс намегиранд ва намедињанд. Оё ин дуруст аст?

--Мутаассифона, чунин њолат мушоњида мегардад, онро ба забони илм тамѓагузорї меноманд. Ин амал аз надоштани маърифати тиббї, аз надонистани бемории сил ибтидо мегирад. Дар њама адабиётњо хоно ва равшан навишта шудааст, ки дар мавриди пурра табобат намудани сил он дигар ба атрофиён хавфнок нест. Бояд донист ва дар хотир дошт: СИЛ АВЛОДЇ НЕСТ!

56.Кадом фикру андешањо дар бораи бемории сил ѓалат буданашон мумкин аст?

Агар гумон карда шавад, ки:

  • сил бемории авлодї аст;

  • сил табобатнашаванда аст;

  • барои табобати сил маблаѓи зиёд сарф мешавад;

  • бемории силро бо тибби мардумї мулолиља намудан мумкин аст;

  • пас аз бењтар шудани њолат хўрдани доруњоро ќатъ намої ва ё танаффус кунї.

57.Пањншавии бемории силро пешгирї кардан мумкин аст ё не?

--Бале, пешгирї кардан мумкин аст, аз љумла бо роњњои зерин:

  • дар мавриди мушоњида намудани аввалин нишонањо дарњол ба муассисаи тиббї мурољиат кардан;

  • дар давраи хориљкунии микробњо ниќоб пўшидан;

  • њангоми сулфидан, атса задан ва гуфтугў кардан дањонро бо рўймолча ва ё пушти даст пўшонидан;

  • балѓамро дар рўйи њавлї, кўчањо, љойњои љамъиятї, дар байни мардум туф накардан;

  • балѓамро дар зарфи махсус туф кардан. Онро на ба рўйи замин, балки ба њољатхона партофтан; зарфро љўшонидан, то ки микробњо нобуд шаванд;

  • мунтазам тоза кардан њавои хона, њар гоње тирезањоро кушодан, бо латтаи намнок пок кардани хона;

  • пурра ва то охир табобат гирифтан;

  • пеш гирифтани шеваи солими зиндагї;

  • баланд бардоштани сатњи маърифати тиббї;

58.Бартарињои сари ваќт мурољиат кардан дар чист?

  • бемории сил дар марњилаи аввал ва шаклњои сабук ошкор мегардад;

  • табобат осон ва камхарљ мешавад;

  • фарзандон ва дигар наздикон аз сироятёбї эмин хоњанд монд;

  • роњи осон ва камхарљи пешгирии пањншавии беморї дар байни ањолї мебошад;

59. Оё силро бо роњи љарроњї табобат кардан мумкин аст?

--Бале, табобат кардан мумкин аст. Ёдрас шудем, ки бар асари бактерияњои сил дар шуш шикофињо пайдо мешаванд, њатто то пусидан мерасанд. Љарроњї баъд аз табобат ва барњам хўрдани фаъолнокии беморї мумкин аст. Табиби љарроњ шикофињо ва љойњои пусидаи шушро бурида мегирад. Инљо як хусусияти шушро зикр кардан бамаврид менамояд. Шуши инсон аз њиссањо, њиссањо аз ќисматњо иборат мебошанд. Агар як тарафи он бурида шавад, тарафи дигар вазифаашро бе душворї иљро карда метавонад.

60.Тарзи њаёти солим ба пешгирии бемории сил мусоидат менамояд?

--Тарзи њаёти солим на танњо аз бемории сил, балки аз аксар беморњои дигар касро њифзу њимоя менамояд. Шахсе, ки ба тартибу низоми истеъмоли ѓизо ва сифати он ањамият дињад; варзишро як љузъи зиндагии хеш донад, фаъолу серњаракат бошад, баданро обутоб дињад; аз мушкилињои зиндагї рўњафтодаву маъюс нагардад; шаробхўру майзадаву нашъаманд набошад, аз сигору нос дурї љўяд; гигиенаи шахсиро љиддан риоя намояд, ба тозагии бадану сару либос, хонаву дар ањамият дињад; дар зиндагї њадафу маќсади муайян дошта бошад; сатњи дониш, аз љумла маърифати тиббии худро такмил дињад, бе њеч шакку шубња худро аз бемории сил эмин нигоњ дошта метавонад.

61.Оё њайвонњо ба сил гирифтор мешаванд?

--Бале, мешаванд. Аз тадќиќотњои донишмандон бармеояд, ки беш аз 50 хел њайвоноти ширхўр ва 80 хел паррандањо ба сил гирифтор шуданашон мумкин аст. Барои одам зиёдтар аз њама сили гову буз хавфнок мебошад.

Иловањо:

Савол: сабаби лоѓар шудан аз бемории сил дар чист?

Љавоб: Сабаби лоѓар шудан аз бемории сил натиљаи зањролудшавии бадан аз микробњои сил, якбора шидат ёфтани мубодилаи моддањо ва беиштињої мебошад. Лоѓариро маъмулан аломати ављи бемории сил медонанд.

1. Вазъи бемории сил дар Љумњурии Тољикистон дар кадом сатњу поя аст?

(сањ. 14)

2. Њукумати кишвар барои коњиш додани бемории сил чї тадбирњо андешидааст?

3. Абўалї ибни Сино дар бораи сил маълумоте додааст ё не? (Сил-ї, 4,20)

4.Микобактерияњо дар чї гуна муњит зиндагї карда метавонанд? ( Сил-ї, с.21, 22)

5.Ањамияти санљиши флюорографї дар чист?

6.Бемории силро бо рентген муайян карда мешавад?

7.Бемории сил шакли сабук ва вазнин дорад?

8.Туберкулин чист?

Дониш, назокату фиросат силро пешгирї мекунанд

Ё Коњиш додан, паст кардани сатњи бемории сил танњо кори табибон нест, он кори ањли љомеа аст.

Њукумати кишвар тамоми имкониятњоро истифода мебарад, то сатњи бемории сил дар кишвар коњиш ёбад, ба ин маќсад чанд барномањо ќабул шуданд, дар шањру ноњияву дењот шифохонањои нав, бунгоњњои тиббї бунёд шуданд ва мешаванд, барои даќиќ ташхис намудан таљњизоти навтарини тиббї ворид ва мавриди истифода ќарор мегирад.

Ин њама хуб аст, бисёр хуб аст, зеро барои солимии мардум, баќои миллат ва ояндаи дурахшони кишвар аст.

Аммо тарафи дигари масъаларо низ бояд дар назар дошта бошем. Мо худамон шахсан барои тани сињати хеш, ањли хонадонамон, наздикону пайвандонамон чї кор кардем ва ё мекунем, оё дар ин роњ ягон кўшишу њаракате намудем ё на?! Сухани мо аз бемории сил буд, коњиш додани он танњо кори њукумат, кори табибон нест ва агар танњо ба ин умед бандем ба муроди дил расидани мо басо душвор хоњад буд. Коњиш додани сил кори умум, кори ањли љомеа, кори њар шањрванди бофарњанг аст. Оре, дониш, фарњанги тиббї, донистан ва риояи намудани шеваи солими зиндагї, назокату фаросат моро аз беморињо, аз љумла аз бемории сил рањо мебахшанд.

Фармон Љўраќулов

намедонанд, ки наздикону азизони хешро низ мањз ба њамин шакли сил мубтало месозанд; намедонанд, ки ранљу азоб ва сарсонињои шакли мутобиќгаштаи сил то чї андоза тоќатфарсост. Агар медонистанд, шояд ба чунин сањлангорї, хунукназарї ва бепарвої роњ намедоданд! Воќеан, ин љо иштибоњи атрофиёни бемор низ кам нест. Онњоро мебоист, ки рафти љараёни табобатро назорат мекарданд, бо табибон њамеша маслињату машварат менамуданд. Бадии кор дар он аст, ки онњо аз чунин муносибат ба сари худ низ мушкилињои зиёд меоранд, имкон дорад ба сил ва шакли мутобиќгаштаи он гирифтор шаванд.

кадом маънї? Сари ваќт ба табиб мурољиат кардан, аз тамоми ташхисњо гузаштан, дар мавриди ошкор шудани беморї дар назди табибони ботаљрибаи силшинос табобат гирифтан, фармудањои онњороро то пурра шифо ёфтан бе каму кост иљро намудан, ба сињатии комил умед бастан ва дар ин роњ саъю талош варзидан –њамаи ин аз бемор ва наздикони ў вобаста аст.

. ин нукта њам љойи умед ва шодмонист. Аммо дар сурати ба ин дард гирифтор шудани ягон нафар аз ањли оила риояи чорањои эњтиётї аз тарафи наздикон шарт, зарур ва њатмист.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page