top of page

НАМОЯНДАГОНИ ҲУКУМАТ ВА ТАБИБОН АЗ НОЊИЯЊО БАРОИ ТАҲЛИЛУ ОМЎЗИШИ СИЛ БА СУҒД САФАРБАР ШУДАНД

Бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, менеҷерони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, роҳбарони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, табибони силшинос аз ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаи Кўлоб ба вилояти Суғд сафарбар гардиданд. Ҳадафи ин ташаббус шиносоии гурўҳи корӣ бо фаъолияту таҷрибаҳои беҳтарин дар самти пешгирии бемории сил ва вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) маҳсуб мешавад.

Ба назари коршиносон таҷрибаи мазкур барои дастгирии иҷтимоию равонӣ ёфтани беморони сил хусусан аз тарафи ҳукуматҳои ноҳияҳо мусоидат менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар вилоят барои пешгирии саривақтии бемории сил ва ВНМО мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.Яке аз фаъолиятҳои назаррас дар ин хусус таъсиси Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Соли 2015 дар ҳудуди вилояти Суғд 97 Кумитаи маҳаллии тандурустӣ ташкил гардид, ки дар онҳо 570 нафар намояндагони бахшҳои маориф, дин, занон, ҷавонон, ҷамоатҳо ва кормандони тиб аъзо мебошанд. Вазифаи онҳо дарёфт ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморони сил аст. Бо ёрии аъзоёни кумитаҳои мазкур танҳо дар соли 2016 185 нафар мубталоёни сил аз байни аҳолӣ дарёфт ва ба табобат фаро гирифта шуданд. Ин гуна кумитаҳо соли 2016 аз тарафи ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар 6 ноҳияи водии Рашт инчунин ноҳоияҳои Данғара, Темурмалик, Балљувон, Фархори минтақаи Кўлоб низ ташкил шуда буданд.

Пас аз шиносоию омўзиши таҷрибаҳои навоҳии вилояти Суғд акнун он дар дигар ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ фаъолият пурзўр хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки сил бемории сироятӣ буда, агар сари вақт пешгирӣ нашавад, як бемор дар як сол ба сироятёбии тақрибан 15 нафар сабаб мегардад.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page