Сабабҳои пайдоиш ва тарзи муолиҷаи бемории сил.
- Урунбаев Сафаралӣ
- 7 авг. 2017 г.
- 3 мин. чтения

Сил беморие мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон васеъ паҳн гаштааст ва яке аз хатарнок тарин бемори барои ҳаёти инсонӣ ба шумор меравад. Агар дар давлатҳои пешрафта ва тараққикардаи ҷаҳон роҳҳои табобат ва пешгирӣ аз ин беморӣ дарёфт ва хуб ба роҳ мондашуда бошад, вале дар баъзе давлатҳои дигар аз қабили Африқо ин беморӣ табобат нашаванда арзёбӣ мегардад. Ба пешрафт ва дастовардҳои илми тиб нигоҳ накарда ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ба ин беморӣ қариб 9-миллион нафар сироят меёбанд, ки мутаассифона қариб сеяк аз ҳиссаи онҳоро ба фавт ва нестӣ мебарад.
Бори аввал соли 1882 аз тарафи олими олмонӣ Роберт Кох ин вирус ёфт ва кашф гардид. Аз ин рў маҳз бо шарофати ў яъне аввалин кашф кунандаи микобактерияи бемории сил «чўбчамикроби Кох» ном гузорӣ намуданд. Инчунин исбот гардид, ки ба ин беморӣ натанҳо одамон, балки ҳайвонот низ сироят ёфта метавонанд.

Сил бемории сироятӣ буда барангезандаи он микробактерияҳои сил мебошанд. Манбаи асосии сироят ин аслан шушҳо ба шумор меравад. Ба узвҳои дигар бошад дар марҳилаҳои баъдӣ таъсири манфии худро мерасонад.
Дар ибтидо бемории сил табобат нашаванда маҳсубмеёфт. Имрўзҳо дар қарни ХХ табиб он тарзи муолиҷаи дуруст ва роҳҳои табобати дурусти онро пайдо намуданд, ки махсусан дар марҳила ё давраи аввали беморӣ қарор доштани шахси сироятёфта имкони сари вақт муолиҷа ва пешгирии он бештар дар назараст, вале агар бемор дар давраи дуюми беморӣ қарордошта бошад табобати он низ мушкилтар мегардад.
Дар бештари мавридҳо ба ин беморӣ занон ва кўдакон сироят меёбанд. Сипас мардон махсусан солхўрдагон. Ин чунин беш аз ҳама нафароне, ки дар шароити пасти зиндагӣ қарор доранд ё асабониятӣ аз ҳад зиёд ва ё мушкилоти зиёд доранд мубталои ин беморӣ мегарданд.Ғайр аз ин шахсоне, ки дар (маҳбасхона, муҳоҷиратимеҳнатӣ, набудани сару либос) танқисӣ мекашанд метавонанд гирифтор гарданд. Ба гирифторони бемории ВНМО (СПИД) хатариси роятёбӣ ба ин беморӣ бештар ба назар мерасад, зеро имунитети гирифторони ин беморӣ хеле дар дараҷаи паст қрор дорад.
Ба бемории сил чӣ тавр сироят ёфтан мумкин аст?
Сили шушҳо – намуди аз ҳама маъмулгаштаи сил буда ба ин намуд ё гуруҳи беморӣ ба воситаи роҳои нафас ё худ ҳавоӣ сироят ёфтан мумкин аст. Чуноне, ки дар боло қайд намудем ҳангоми пастшавии иммунитет низ метавон мубталои ин беморӣ шуд. Чӣ қадаре, ки имунитети инсон паст бошад ҳамон қадар хатари сироятёбӣ меафзояд. Ин чунин бо сўҳбати тўлонӣ намудан бо шахси бемор низ зиёновар буда метавонад, зеро он метавонад микобактерияҳоро хориҷ намуда шахси солимро сироят созад.
Нишонаҳои бемории сил
Сил беморие мебошад, ки ду марҳила ё давра ташкил медиҳад. Баъзан табибон иштибоҳан марҳиллаи аввалро бо бемории пневмания шабеҳ ё омехта месозанд.
Нишонаҳои бемории сил инҳоянд:
умуман ба беҳолӣ ё бе тобии пурраи организм оварда мерасонад.
-сулфаи давомнокии зиёда аз 2 ҳафта бо хориҷкунии балғам
- камшавии иштиҳо
- арақкунии шабона (навобаста аз обуҳаво)
- бемадорӣ
- баландшавии ҳарорати бадан
- камшавии вазн ва ғайра

Дар давраи дуюми бемории сил манбаи беморӣ ин шушҳо ба шумор рафта он метавонад хурд ва ё баръакс васеъ паҳнгардад. Сироятёбии кули ба амал меояд, ки дар натиҷаи он гурда, дил, пардаи луоби, меъда устухонҳо мушакҳо ва мағзисар осеб мебинад. Ин нишонаҳоро баъзан саҳван ба бемории зуком ё бронхит ва ё ОРЗ монанд мекунанд. Дар ҳолати вазнин қарор доштани бемор чунин нишонаҳо ба назар мерасад нафастангӣ, сулфа, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дард дар қафасисина, баландшавии ҳарорати бадан ва ғайра.
Табобати бемории сил
Табобати бемории сил бе таъхирсозӣ муҳлати дуру дарозро тақозо мекунад. Сил беморие мебошад, ки бояд ҳатман моҳҳо табобат карда шавад. Се навъ ё гуруҳи табобат мавҷудаст, ки инҳоянд 3-з, 4-х, ва 5-х ки дар ҳар яки онҳо миқдори муаяйни доруворӣ таъин карда мешавад ва ҳатман ин доруҳоро бояд дуруст қабул намуд. Инчунин барои баланд бардоштани иммунитет якчанд навъи дорувориҳо тавсия дода мешавад.
Бемории сил хеле хатарнок буда табобати он бояд сари вақт ба роҳ монда шавад дар акси ҳол муолиҷаи он хеле мушкил мегардад. Агар шумо дар худ ва ё хешу ақрабо ва дўстону наздиконатон чунин аломатҳоро пайхас намудед дарҳол ба духтур муроҷиат намоед. Дар ҳолати сари вақт ба табибон муроҷиат намудан шумо метавонед худ ва наздиконатонро аз ин бемории номатлуб раҳоӣ бахшед, зеро табобати саривақтии ҳама гуна беморӣ махсусан бемории сил бар манфиати кораст.
댓글