top of page

ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАҲОИ МАҲАЛЛИИ ТАНДУРУСТӢ ДОИР БА БЕМОРИИ СИЛ МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР ГИРИФТ


Дар толори меҳмонхонаи “Серена” воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, дар масъалаи “Фаъолияти кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ доир ба бемории сил барои солҳои 2016-2017” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Мирҳамуддин Камолзода муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, намояндагони Лоиҳаи HOPE, аъзоёни кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ инчунин намояндагони ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ “Ҳамкорӣ бо барномаи USAID оид ба мубориза алайҳи бемории сил дар Тоҷикистон дар робита бо ҷомеа, фаъолияти кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ оид ба бемории сил” ва дигар масъалаҳои вобаста ба маризии сил мавриди таҳлилу барассӣ қарор гирифт.

Масъалаи мубориза алайҳи бемории сил зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бо ин максад ҷиҳати решакан намудани сил миёни аҳолӣ шарикони рушд чалб гардидаанд.

Маврид ба таъкид аст, ки ҳадафи барномаи USAID дар самти мубориза алайҳи бемории сил ин паст кардани сатҳи паҳншавии бемории сил ва пешгирии инкишофи шакли васеи мутобиқат ба доруҳои сиддисилӣ тавассути таъмини бештари ташхиси самарабахш ва дастрасӣ ба табобати бемории сил барои ҳамаи аҳолӣ, аз ҷумла шахсони осебпазир дар Осиёи Марказӣ, маҳсуб мегардад.

Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки маҳз талош ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар доираи ин ва дигар барномаҳо ва иқдомоти пешгирифтаи ҳукумати кишвар соҳаи тандурустӣ дар самти мубориза алайҳи бемории сил ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page