USAID табодули таҷриба МИЁНИ табибони Узбекистон ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди бемории сил
USAID табодули таҷриба МИЁНИ табибони Узбекистон ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди бемории сил дар Осиёи Миёнаро дастгирӣ менамояд 22 августи соли 2017 табибони Маркази махсуси ҷумҳуриявии сил ва қафаси сина ва Академияи тиббии шаҳри Тошканд, ҳамчунин намояндагони дигар муассисаҳои
зидди силӣ барои табодули таҷриба ба маркази таҷрибавии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд . Ин сафари омӯзишӣ чаҳор рӯзро дар бармегирад. Ин бори нахуст аст, ки бо дастгирии USAID табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи сил шиносии Тоҷикистон ва Узбекистон сурат мегирад. Ҳамин тавр, мутахассисони Узбекистон бо усулҳои нави илми тиб шинос гардида, табодули иттилоот оид ба ҳамгироии омӯзишҳо дар соҳаи сил ва барномаҳои муассисаҳои тиббӣ доштанд. Ташрифи мутахассисон яке чорабиниҳое мебошад, ки дар самти табодули таҷриба, ки USAID дар доираи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои фаъолияти муштарак ва ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бар зидди бемории сил дар тамоми Осиёи Миёнаро, ба роҳ мондааст. Маркази таълимӣ - омӯзишӣ бо дастгирии USAID дар Тоҷикистон созмон дода шуд ва ба яке аз муассисаҳои пешқадам барои бозомӯзии ҳазорон корманди тиб ва донишҷўён роҷеъ ба усулҳои нави пешгирӣ, ошкор намудан ва муолиҷаи сил бо усули ба бемор нигаронида шуда мутобиқи тавсияҳои охирини Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, табдилёфт . Табибони Узбекистон ҳамчун устодони ояндаи роҳ намо дар маркази омӯзишӣ таҷрибаҳои пешрафта, ки дар назди Маркази махсуси ҷумҳуриявии бемориҳои сил ва шуш ва Академияи тиббии Тошканд бо дастгирии USAUD дар ҳоли ташкилшавӣ аст, фаолият хоҳанд кард.
USAID Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар коркарди барномаҳояшон дар соҳаи мубориза бар зидди бемории сил, ҳамчунин дар татбиқи усулҳои нисбатан самараноки пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи силро байни аҳолӣ ва гуруҳҳои осебпазир дастгирӣ менамояд. Ҳадаф аз барномаи панҷсолаи USAID дар мубориза бар зидди бемории сил коҳиш додани сатҳи паҳ ншавии бемории сил дар Тоҷикистон ва Узбекистон ва пешгирӣ намудани шаклҳои мухталифи он бо усули устувор ва бо истифода аз дорувориҳо мебошад. Барномаи USAID доираи васеъи масъалаҳои тиббиро аз қабили рушди захираҳои инсонӣ, рушди институсионалиро дар низоми тиббӣ, беҳтарсозии ҳамоҳангсозии байни идоравӣ, ҳамкорӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷаи силро фаро мегирад.