Ҷалби рўзноманигорон барои инъикоси бемории сил
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷҷумњҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 нафар намояндагони ВАО ба вилояти Суғд сафари омўзишӣ анҷом додаанд. Гурўҳи эҷодиро рўзноманигорони телевизоин, радио, нашрия ва хабаргузозирои давлатию хусусӣ ташкил медод. Ҳадаф шиносоӣ бо барномаҳои зиддисилӣ ва инъикоси бемории сил буд.
Ин тадбир дар доираи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил сурат гирифт. Зимни боздид аз беморхонаҳои сил рўзноманигорон бо табибони силшинос суҳбати ошкорро анҷом додаанд. Сафари корӣ, ки аз 21 то 25 августи соли ҷорӣ идома кард, аз Беморхонаи вилоятии «Деҳмой» шуруъ шуд. Ҳамзамон гурўҳи корӣ ба беморхонаҳои сили ноҳияҳои Деваштич ва Гулистон низ ташриф оварда, атрофи бемории сил бо табибони силшинос мусоҳиба гузарониданд.
Рўзноманигорон бештар ба роҳу воситаҳои пешгирии сил таваҷҷуҳ намуда, изҳор намуданд, ки тарғибу ташвиқи он аз тариқи ВАО барои коҳиш ёфтани сил мусоидат хоҳад кард. Ба таъкиди онҳо зиёд намудани маълумотнокии тиббии мардум барои ҳифзи сиҳатӣ муҳим мебошад.
Масъали дигаре, ки рўзноманигорон онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд, ташкил ва фаъолияти кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ буд. Аъзоёни кумитаҳои маҳалии тандурустӣ, ки аксари онҳо табиб нестанд, дар байни мардум тарғибот мебаранд ва ҳангоми мушоҳида намудани аломатҳои бемории сил дар шахс онро барои гузаштан аз ташхиси саривақтӣ ба муассисаи тиббӣ равона месозанд. Ба назари табибон натиҷаи кори фаъолон, ки ду соли охирро дабар мегирад, натиљаи хуб додааст. Онҳо барои дарёфти беморон ба табибон ёрӣ мерасонанд.