top of page

ҲУКУМАТИ ИМА ДАР ЯКҶОЯГӢ БО ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАТОЛИБ


Душанбе, 15 сентябри соли 2017 – Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якљоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар як маросими ҷоизасупорӣ, ки имрўз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 10 нафар рўзноманигорро барои эҷоди беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзўи бемории сил қадрдонӣ намуданд.

Ҳарчанд бемории силро пешгирӣ ва табобат кардан мумкин аст, вале дар як сол дар саросари ҷаҳон 1.5 миллион одам аз ин беморӣ мефавтанд. Сабабҳои асосии паҳншавии бемории сил ин сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ ва доғгузорӣ атрофи ин беморӣ мебошад. Васоити ахбори омма барои баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ нақши муҳим доранд. Дар иртибот ба ин мавзўъ, USAID ўҳдадор гардидааст, ки ВАО-ро ҳамчун шарики муҳими ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, дастгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз оғози соли 2015, USAID дар доираи Барномаи оид ба мубориза бар зидди бемории сил озмунҳо дар мавзўи бемории силро дастгирӣ намудааст. Ҳамчунин, дар доираи ин барнома, 70 нафар рўзноманигори тоҷикро дар мавзўи инъикоси масоили бемории сил дар ВАО ба омўзиш фаро гирифтааст. Соли ҷорӣ бо мусоидати USAID рўзноманигорон имконияти иштирок дар давраи омўзишии касбӣ, ки ба инъикоси масоили марбут ба бемории сил тариқи ВАО дар Тоҷикистон, бахшида шуда буд, пайдо намуданд. Дар ин давраи омўзишӣ, ки ба он коршиноси байналмилалӣ ҷалб шуда буд, 30 нафар рўзноманигор иштирок намуд. Ғайр аз ин, як қатор сафарҳои омўзишӣ ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон ташкил карда шуданд, ки журналистон имконияти шиносоӣ бо фаъолияти кормандони силшинос ва рафти табобати беморон шинос гардиданд.

Беш аз 50 намояндаи ВАО дар озмуни имсолаи USAID оид ба беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзўи бемории сил иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамони озмун иборат аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи ВАО ва силшиносон маводҳои воридшударо дар бахшҳои расонаҳои чопӣ, интернетӣ ва радиову телевизион баҳогузорӣ ва ғолибонро муайян намуданд.

Рўзноманигорони зерин бо пешниҳоди маводи беҳтарин оид ба бемори сил дар озмун ғолибиятро ба даст оварданд ва аз ҷониби USAID қадрдонӣ шудаанд:

Расонаҳои чопӣ: Беҳрўз Холмуродов – рўзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Маҳинаи Давлат – нашрияи “Оила”, Шамсулло Фозилов – ҳафтаномаи “Фараж”

ВАО-и электронӣ: Сафаралӣ Урунбоев – сомонаи интернетии «Ҳаёти солим», Лайло Тоирӣ – АМИТ «Ховар», Аҳлиддин Салимов – нашрияи интернетии «Фараж», Фармон Ҷурақулов – сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Радио/ТВ: Мўсо Абдуқаҳҳоров – Муассисаии давлатии «Ҷаҳоннамо», Ширинҷон Сафарзода – телевизиони «Сафина», Зулфия Раҳимзода – телевизиони «Тоҷикистон»

###

Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иљтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалигардонии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои таъмини дастрасии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, бо шумули гурўҳҳои эҳтиёҷманд ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сил, мусоидат менамояд. Ҳадафи асосии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои панҷ сол пешбинӣ шудааст, ки маблағи 13.2 млн доллари амрикоиро дар бар мегирад, ин коҳиш додани сатҳ ва паҳншавии бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон равона гаштааст. Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла омўзиши кормандони тиб барои таҳкими системаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати бемории сил, фаро мегирад.

Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил яке аз намунаҳои дигари кумаки Ҳукумати ИМА дар самти беҳбуд бахшидани сиҳатии мардуми Тоҷикистон мебошад. Айни замон, кумакҳои бебозгашти USAID ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30 миллион доллар дар як солро ташкил мекунанд, ки 30 % он ба соҳаи тандурустї равона мегардад.

USAID оҷонсии асосии Ҳукумати ИМА буда, баҳри паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон ва имконияти устувор, дарки нерўи ҷомеаҳои демократӣ равона карда шудааст.

Давоми соли 2017, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии тарафайнро ҷашн мегиранд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page