top of page

Дар мубориза ба устуворӣ ба антибиотикҳо нақши худро гузоред!


Дар як қатор кишварҳои Минтақа бештар аз 50 дар сади инфексияҳо аз микроорганизмҳои бемориовар, ки ба дорувориҳои зидди микробҳо устувор мебошанд, пайдо шудаанд. Фарқияти байни кишварҳо дар амалияи ба кор бурдани антибиотикҳову истифодаи тадбирҳои пешгирии инфексияҳо ва назорати инфексионӣ зоҳир мегардад.

Пешгирӣ кардани ҳама гуна инфексияҳо—маънии наҷот ёфтан аз табобати антибиотикҳоро дорад . Дар мубориза бар зидди мутобиқшавӣ ба антибиотикҳо саҳмгузор бошед»-таҳти чунин мавзӯъ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомад бахшида ба Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо баргузор гашта, дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Муассисаи давлатии “Маркази љумњуриявии ташаккули тарзи њаёти солим”, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имсол ба муносибати Ҳафтаи ҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо аз кормандони соҳаи тандурустӣ даъват ба амал меоварад, ки пеши роҳи вусъат ёфтани устуворӣ ба доруҳои зидди микробҳоро дар муассисаҳои тандурустӣ бигиранд ва дар ин амал аз тадбирҳои босамари пешгирӣ ва назорати инфексияҳо истифода баранд.

Истифодаи нодурусти антибиотикҳо барои саломатии ҳамаи мо хатар ба вуҷуд меорад. Истифодаи антибиотикҳо бе таъйиноти тиббӣ устувории зиддимикробии онҳоро метезонад. Инфексияҳое, ки аз микробҳои ба антибиотикҳо устуворбуда ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти мураккаб буда, табобаташон душвор аст. Мубталои чунин сироят будан аз синну сол ва дар кадом кишвар зистан вобаста нест. Пас мебояд пеш аз истеъмоли антибиотикҳо ҳатман бо духтур маслиҳат кунем,-гуфтанд мутахассисон.

Мувофиқи баҳодиҳӣ то 10 дар сади беморон, ки дар миқёси глобалӣ табобат гирифтаанд, дар фосилаи вақти муайян ҳеч набошад як дафъа сироят ёфтаанд, ки он ба расонидани ёрии тиббӣ алоқаманд мебошанд. Ҳамчунин мутобиқи боҳодиҳӣ дар иттиҳоди Аврупо шумораи беморони бистаришуда, ки дар байни онҳо теъдоди одамони аз ҳисоби ёрии тиббӣ сироятёфта ҳар сол меафзояд, 4 миллион нафарро ташкил медиҳад, фавт бошад тақрибан ба 37 ҳазор мерасад.

Тадбирҳои босамари пешгирӣ ва назорати инфексиониро истифода карда, метавон сатҳи сироятёбии марбут ба ёрии тиббиро аз се то ба як нафар кам кард. Ин маънии кам шудани талабот ба антибиотикҳоро дорад, ки дар навбати худ, сатҳи вусъати устуворӣ ба доруҳои зиддимикробиро низ паст мекунад. Қоидаи байналмилалиии тиббию санитарӣ (ҚБТС) (соли 2005) санади роҳнамо оид ба истифодаи босамари пешгирии инфексия ва назорати инфексионӣ ба шумор рафта, ҳамчун стратегияи калидӣ дар роҳи мубориза ба устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, ки ба тандурустии аҳли ҷомеи ҷаҳон таҳдид менамояд, хидмат мекунад.

Мушкилоти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва инчунин соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Новобаста аз он, ки оид ба ин проблема маълумоти боэътимод ва илман собитгашта мавҷуд нест, аммо дар бораи ҳодисаҳои зуд-зуд гирифтор шудан ба шакли мутобиқгаштаи сил, салмонеллезҳо, дизентерия/исҳоли хунин, стафилакокки ауреюс ва салмонеллаҳо чӣ дар байни одамон ва чӣ дар байни ҳайвонот далелҳои дақиқ мавҷуданд. Аз ин рӯ дар сатҳи миллӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ, ки ба он ҳама ташкилоту муассисаҳои манфиатдор ворид шудаанд, нақшаи миллӣ оид ба устувории доруҳои зиддимикробӣ таҳия ва танзим гардидааст.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page