top of page

ДАР РАШТ ТАҶҲИЗОТИ ТИББИ ФОСИЛАВӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД


Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Оҷонсоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт таҳзҷизоти инноватсионии тибби фосилавӣ насб ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони Беморхонаи марказии ноҳия ва барномаи USAID иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки тибби фосилавӣ як навъ таҷҳизотест, ки кормандони тиб ва табибони силшиносонро аз минтақаҳои ҷумҳурӣ мустақиман бо ҳам мепайвандад.

Ба ин тариқ табибон имкон пайдо менамоянд то тавассути ин шабакаи мустақим табодули таҷриба намоянд. Таъкид шуд, ки дастгоҳ мазкур дар шарорити кунунӣ барои анҷоми ташхиси дурусту саривақтии беморон хело зарур мебошад. Акнун табибони силшиноси ноҳияи Рашт минбаъд метавонанд бо мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, инчунин Маркази омўзишии Беморхонаи сили «Мачитон» пайваст шаванд ва тавассути видеоконфронсҳо машварат намуда, донишу таҷрибаи худро вобаста ба ташхису табобати ин беморӣ зиёд намоянд. Фаъол намудани чунин таҷҳизоти замонавӣ барои татбиқи босамари Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ҳамзамон ҷињати беҳтар намудани ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи USAID мусоидат менамояд.


Тегов пока нет.

Шарикони Марказ

bottom of page