Вохӯри “Ҳамкори боздошти сил ” бо беморони сил
Омили асосӣ барои бомуваффақият шифо ёфтан аз бемории сил ин риоя ба реҷаи табобат аст. Дар ҳоле, ки шароити ташхис ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон ба таври ройгон пурра муҳаё аст, калиди комёбӣ барои ғолиб омадан аз рӯи беморӣ пеш аз ҳама дар дасти ҳар як шахси бемор аст. Аммо барои шахси бемор, хусусан гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил муддати моҳҳои дароз, бетанаффус қабулкардани якчанд дорувор осон нест.
Бо мақсади кумаки шахсони бемори сил, беҳдошти сатҳи маълумотнокии аъзои оилаҳои онҳо ва кумак барои аз байн бурдани тамғагузорӣ атрофи бемории сил Котиботи Эътилофи «Ҳамкории БОЗДОШТИ СИЛ дар Тоҷикистон», ки таҳти идораи Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон” фаъолият менамояд дар доираи лоиҳаи “Ҳамроҳ мо нерумандем” дар ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Восеъ ва Фархор ҷамъан бо 200 аъзоёни оилаҳои аз бемории сил осебдида омӯзиши машваратї рӯ ба рӯ баргузор гардонид. Вохӯриҳо давоми рӯзҳои 13-21 ноябр, 2017 баргузор гардиданд, ки дар он намояндагони марказҳои ноҳиявии ташаккули тарзи ҳаёти солим низ иштирок ва суханронӣ карданд.
Бемории шакли мутобиқгаштаи сил бо миқдори зиёди антибиотикҳо муддати тӯлонии то 24 моҳ табобат мешавад, ки тайи он вазнинии доруҳо, таассури номатлуби доруҳо, норасоии ғизонокӣ, афсурдаҳолӣ, рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ аз шифо ёфтан метавонад боиси он шавад, ки бемор табобаташро худсарона қатъ кунад, ки он паёмадҳои фоҷиабор хоҳад дошт. Бинобарин, барои ин табобати тоқатфарсоро то охир расонидан шахсони бемор ниёз ба назорати ҳаррӯза, кумаки ҳаррӯзаи равонӣ, дилбардорӣ ва маслиҳату роҳнамоӣ ва кумак барои дастрасӣ ба хӯроки серғизо доранд.
Табобати бемории сил дарозмуддат аст ва қариб давоми тамоми муддати табобат шахси бемор берун аз беморхона дар ғоибии мутахассисони тиббӣ, яъне дар хона қарор дорад. Барои кафолати сифати нигоҳубини шахси гирифтори сил агарчи корманди тиб ё ёрдамчии ҷамъиятӣ ӯҳдадор аст, аъзои оила барои ин кор мавқеъи муносибтар дорад, чунки шабонарӯзӣ дар хона назди шахси бемор ҳозиранд. Бинобар ин, аз байни аъзои хонавода ҳадди ақал як нафар маҳз барои назорат, нигоҳубин ва дастгирии шахси бемор бояд ҳатман таъин, маълумотнок ва ӯҳдадор шавад.
Нигоҳубини шахси бемор дар шароити хона ва ҳамзамон аз байн бурдани тамғагузорӣ атрофи бемории сил масъулияти муштарак байни шахси бемор, аъзои оила, хешу табор, ҳамсояву маҳалла, кормандони тандурустӣ ва инчунин шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи ноҳияро талаб мекунад.